Ovozi.uz

Мизбонии саммити навбатии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) расман муайян шуд

Саммити навбатии Созмони ҳамкории Шанхай тирамоҳ дар шаҳри Тянсзини Чин баргузор мешавад. Дар ин бора Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин дар анҷумани матбуотӣ хабар дод.

Дар саммит роҳбарони давлатҳои узви созмон масъалаҳои мустаҳкам намудани ҳамкорӣ ва нақшаҳои ояндаро баррасӣ мекунанд.

«Имсол Хитой раёсати саммитро бар дӯш дорад. Созмони ҳамкории Шанхай маҳз дар Хитой таъсис ёфта, ба номи шаҳри Шанхай гузошта шудааст. Аз ин рӯ, он барои мо маънои рамзии хосе дорад. Мо хеле хушҳолем, ки Созмони ҳамкории Шанхай ба ватани худ бармегардад», – гуфт вазир.

Қаблан намояндаи Ӯзбекистон Ботир Турсунов ба вазифаи муовини дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай таъин шуда буд.