Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар доираи стратегияи «Ўзбекистон – 2030», барои таъмин кардани иҷрои барномаи давлатӣ, ки ба Cоли ҳифзи муҳити зист ва «иқтисодиёти сабз» равона шудааст, дар шаҳри Ҷиззах марафони умумии ҷумҳуриявии таъсиси «Боғи зиёиён»-ро оғоз кард.
Ин ташаббуси нек дар саросари кишвар паҳн шуда, зиёда аз 200 муассисаи таълими олии кишвар дар як вақт корҳои шинонидани дарахтҳоро оғоз карданд.
Дар Боғи ботаникаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд тақрибан 1000 шохаи манзаравӣ ва мевадиҳанда гузошта шуданд. Дар чорабинӣ устодони Донишгоҳи давлатии Самарқанд, кормандони илмӣ, донишҷӯён ва ходимони дигари ташкилот иштирок намуданд.
Ин лоиҳа барои беҳтар кардани муҳити зист, васеъ намудани минтақаҳои сабз ва эҷод кардани муҳити экологии муносиб барои аҳолӣ равона шудааст.
– Олимони Донишгоҳи давлатии Самарқанд, донишҷӯён ва кормандони муассиса дар лоиҳаи умуммиллии «Макони сабз» барои таъсиси «Боғи зиёиён» фаъолона ширкат мекунанд, — гуфт Исмоил Раҳмонов, проректор оиди корҳои молия ва иқтисоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд. – Ҳолодар ин ҷо асосан волонтёрон ҷамъ омадаанд. Дар майдони камтар аз як гектар тақрибан 1000 ниҳоли бурс, сафедор, себ ва дигар дарахтҳои манзаравию мевадиҳанда коридем. Ҳамеша зиёиён дар корҳои неку, ки ба манфиати мардум хидмат менамояд, чун имрӯза намунаи хубро нишон додаанд. Ин раванд идома меёбад. Ин лоиҳа як қадами муҳим барои муҳофизати табиат ва васеъ гардонидани минтақаҳои сабз мебошад, ки дар ҳамаи минтақаҳои кишвар амалӣ мегардад.
Барои маълумот, соли 2024 дар Боғи ботаникаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов дар доираи лоиҳаи умуммиллии «Макони сабз» тақрибан 8000 ниҳол гузошта шуда буд.
