Имрӯз, 16-уми март дар Самарқанд даври 7-уми мусобиқаи байналмилалии «Women’s Chess Championship-2025» бо ҳаҷми ҷоизааш 50 000 доллари ИМА баргузор мешавад.
Дар ин мусобиқа, ки ҳудуди 150 нафар шоҳмотбоздухтарон аз 14 кишвар барои дарёфти ҷоизаи асосӣ мубориза мебаранд, ширкаткунандагон дар гурӯҳҳои “А” ва “В” дона меронанд.
Дирӯз барои ширкаткунандагон рӯзи истироҳат таъин шуда буд ва дар бозиҳои даври 6-ум дар гурӯҳи «А»-и мусобиқа Алися Сливичкаи лаҳистонӣ бар Мелика Муҳаммадии эронӣ пирӯз шуда, бо 5,5 имтиёз пешсафи ягона гардид. Анна Шухман аз Русия, ки таҳти парчами ФИДЕ дона меронад, Анастасия Боднарукро мағлуб карда, бо 5 очко ба зинаи 2-юм баромад. Полина Шувалова, ки 4,5 хол ҷамъ карда тавонист, аз ҳисоби нишондодҳои иловагӣ ҷои 3-юмро ишғол намудааст.
Дар даври 6-ум ҳамдиёрамон Афрӯза Ҳамдамова, дар донаҳои сафед бо қаҳрамони ҷаҳони Русия Олга Гиря созишро интихоб намуда, бо 4,5 имтиёз мавқеъашро дар ҳафтгонаи беҳтарин мустаҳкам кард.
Дар бозиҳои даври 7-уми имрӯза аз узви ҷамоаи мунтахабамон Афрӯза Ҳамдамова бо Полина Шувалова дар донаҳои сиёҳ, Умида Омонова бо Гун Тсянюни сингапурӣ, Нилуфар Якуббоева бо Яна Жаповаи руссиягӣ, Гулдона Каримова бо Гупта Шубҳӣ, Марҷона Маликова бо Алена Волчкова, Нодира Нодирова бо Екатерина Смирнова қувваозмоӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи байналмилалии “Women’s Chess Championship-2025” иборат аз 9 давр буда, то 19-уми март идома медиҳад.
