Ба қарибӣ китоби Комил Ҷӯразода «Бо дӯстон мурувват» аз тариқи нашриёти «Фан зиёси»-и шаҳри Тошканд аз чоп баромад. Он ҳикояҳои солҳои охирнавиштаи ӯро дар бар гирифта, худи муаллиф бо расмҳои кашидааш оро додааст.
Асарҳое, ки ба ҳаёти ҷонварону растаниҳо бахшида шудаанд, баробари зиёд гардонидани дониши хонандагон ба табиатдӯстиву ватанпарварии онҳо кӯмак мерасонад. Вале ин гуна асарҳо дар адабиёти мо хеле каманд. Хушбахтона нависанда Комил Ҷӯразода барои пурра гардонидани ин холигӣ ҷидду ҷаҳд менамояд ва ба ин якчанд ҳикояҳои ӯ мисол шуда метавонанд.
Бояд гуфт, ки дар ҳикояҳои Комил Ҷӯразода ҳамин нукта — дӯстдории табиат ва олами ҳайвонот бештар ба мушоҳида мерасанд. Комил фарзанди аввалини оилаи деҳқони серфарзанд мебошад. Мактаби миёнаро хубу аъло тамом карда бошад ҳам, ки бахти донишҷӯӣ насибаш нагардид. Вале дар мактаби ҳаёт ҳар рӯзу ҳар соат сабақ меомӯзад ва имтиҳон ҳам месупорад.
Комил Ҷӯразода худ як ҷавонмарди зарофатгӯйи сӯҳбаторост. Дар бобати чорводориву кишоварзӣ таҷрибаву тасаввуроти бой дорад. Аз адабиёти мумтозу муосир бохабар буда, бисёр шеъру ғазалҳоро аз ёд медонад. Аз ҳама муҳимаш, ӯ ҳамчун эҷодкор мушоҳидакору чашми воқеъбинона дорад. Ҳамаи ин хусусиятҳо бурди эҷоди ӯро таъмин кардааст.
Комил Ҷӯразода ба олами растаниҳо ва ҳайвонот меҳри ҷудогона дорад ва кӯшиш мекунад, ки дар асарҳояш образи онҳоро бо нозукиҳояш ба қалам диҳад. Барои ин «Зардак» ном ҳикояро мисол овардан мумкин аст. Саги бесоҳиби кӯчагардеро Ҷасур ном ҷавон зери парвариши худ мегирад ва саг ҳам барои чунин ғамхориҳои ӯ ҷавоби муносиб мегардонад.
Мо морро бад мебинем. Ҳатто аз шунидани номи мор ва ё дидани шабеҳи он дар баданамон ларза медарояд. Вале Комил Ҷӯразода (аниқтараш қаҳрамони асараш Мадад) морро дар ҳикояи «Зери як осмон» ҳамчун аъзои оила медонад ва ҳарчанд мор омада, дар пеши пояш меафтад, ба куштан дилаш намешавад. Образи мор дар ҳикояи дигари ӯ — «Бо дӯстон мурувват» барҷастатар тасвир ёфтааст. Умуман, ин гуна ҳикояҳои муаллиф хеле зиёданд.
Комил Ҷӯразода барои пухтаву хонданибоб гардидани асарҳояш мунтазам кӯшиш менамояд, маҳораташро пайваста сайқалу такмил медиҳад.
Мо ӯро бо китоби нави «Бо дӯстон мурувват» табрику таҳният гуфта, барояш барору комёбиҳои бештари эҷодиро таманно мекунем.
М.ҶУМЪАЗОДА
