Ин растаниро ба таври оддӣ лола ҳам мегӯянд. Гулаш одатан панҷ барг дорад. Садбаргаш ҳам мавҷуд мебошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум – гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: 7 грамм гули хушкашро кӯфта, бо майи пухта биошоманд (хӯранд), дарди узвҳои даруни шикамро, ки дафъатан ба амал меояд, таскин медиҳад ва бисёр пуртаъсир аст.
Гули хушки онро кӯфта, бо воситаи найча дар бинӣ пуф кунанд, хуни биниро ҳамон лаҳза қатъ мекунад. Ва агар онро бипошанд, хунравиро, ки аз ҳар як узв бошад, манъ месозад.
Оби гиёҳи тари онро дар офтоб ғафс гардонанд, инро усораи лолаарӯсак меноманд. Усораи инро бимоланд, захмҳоро аз мадда пок мегардонад, иллати пӯстпартоиро дафъ мекунад, варами чашмро мегардонад. Усораи онро дар бинӣ бирезанд, майнаро аз рутубатҳои зарарнок пок месозад. Оби гиёхи тари онро дар чашм чакконанд, гули чашмро дафъ мекунад. Оби барги гули он батакрор бичакконанд, низ ҳамон таъсирро дорад. Гули хушки онро маҳин кӯфта, чун сурма ба чашм кашанд, гули чашмро нест мекунад.
Гули онро бо пӯсти сабзӣ (ҷойи кабудаш), чормағз якҷоя кӯфта гузошта банданд, мӯйро сиёҳ мегардонад ва шукуфаи пӯстро дафъ мекунад.
Ҳар рӯз 3,5 грамм тухми онро бо оби хунук бишоманд ва ин амалро муддате давом диҳанд, иллати песро даво мекунад.
