Ovozi.uz

Арзишҳоят поянда бод, Наврӯз!

Соли равон чорабиниҳои бахшида ба ҷашни умумихалқии Наврӯз мувофиқи арзиш ва қадриятҳои миллиамон дар дараҷаи баланд ва бо иштироки фаъолонаи ҳамватанонамон гузаронида мешаванд.

Мувофиқи қарори роҳбари давлатамон «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни умумихалқии Наврӯзи соли 2025 ва гузаронидани он», ки 21‑уми феврал қабул намуд, дар кишвари мо ҷашни умумихалқии Наврӯзи имсола таҳти сарғояи «Арзишҳоят поянда бод, Наврӯз!» дар шакли сайлҳои умумихалқӣ дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.

Чӣ тавре, ки дар қарор қайд гардидааст, рӯзи мубораки оғози соли нави шарқона — Наврӯзи оламафрӯз асрҳо боз дар ҳаёти иҷтимоӣ-­маънавии халқу диёри мо ба сифати рамзи баҳор, накӯкорӣ, меҳру оқибат, меҳнат ва бунёдкорӣ мақоми беназирро соҳиб аст.

Бо назардошти он, ки ҷашни имсолаи Наврӯз дар моҳи Шарифи Рамазон қайд карда мешавад, вакилони авлоди кӯҳансол, хусусан иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва собиқадорони фронти меҳнатӣ эъзоз гардида, аз ҳоли шахсони муқими хонаҳои «Меҳрубонӣ», «Саховат» ва «Мурувват», инсонҳои ба дафтари ҳимояи иҷтимоӣ воридгардида ва мӯҳтоҷи кӯмак хабар гирифта мешавад, барои онҳо дастархони идона густурда шуда, чорабиниҳои хайриявии гуногун баргузор мешаванд.

Зимни гузаронидани чорабиниҳо дар доираи лоиҳаи «Макони сабз», дар арафаи ҷашн ҳамаи минтақа, кӯча, маҳалла, ноҳия ва шаҳрҳо аксияҳои ободкунӣ ва сабзазоркунӣ, инчунин ҳашарҳои умумихалқӣ мегузаронанд.

Зимни чорабиниҳои ободонӣ ва ҳашарҳо мақсади дар дили ҷавонон бедор намудани муҳаббат ба Модар-Замин ва ривоҷ додани маданияти экологии онҳо низ нуҳуфта аст.

Ин чорабиниҳо, ки ба урфу одат ва анъанаҳои наврӯзӣ табдил ёфтаанд, дар дили насли наврас эҳсоси ошноӣ бо накӯкорӣ ва офаридгориро пайдо мекунанд.

Дар давоми чорабиниҳои идона намоишгоҳҳои ҳунармандӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, намоиши китобҳо, ярмаркаҳои арзонкардашудаи маҳсулотҳои хоҷагии деҳот ва хӯрокворӣ ташкил карда мешаванд.

Аҷдодони мо Наврӯзро аз замонҳои хеле қадим то кунун ҷашн гирифта меоянд. Дар бораи таърихи пайдоиши Наврӯз олим ва мутафаккири бузург Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» чунин нигоштааст: «Чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз ба он савор шуд ва ҷину шаётин онро ҳамл карданд ва ба як рӯз ба кӯҳи Дамованд ва Бобул омад ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд. Ҷамшед дар шаҳрҳо зиёд гардиш менамуд ва чун хост дар Озарбойҷон дохил шавад бар сарире аз зар нишаст ва мардум ба дӯши худ он тахтро мебурданд ва чун партави офтоб бар он тахт битобид ва мардум онро диданд, ин рӯзро ид гирифтанд».

Ҳаким Умари Хайём дар «Наврӯзнома» сабаби ҷашн гирифтани Наврӯзро ин гуна шарҳ додааст: «…сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад: яке он ки ҳар се саду шасту панҷ рӯз ба аввалин дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақт ва рӯз, ки рафта буд. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашн оин овард ва пас он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидоъ карданд».

Ҷашнҳои миллӣ ғурур ва ифтихори ҳар як халқ ба шумор мераванд. Барои мо ҳам арзишҳои миллиамон, ки яке аз онҳо Наврӯз ба ҳисоб меравад, азиз аст.

Истиқлолият ба мо дар қатори расму оин ва анъанаҳои зиёдамон, Наврӯзро ҳам баргардонд. Анъана ва урфу одатҳои наврӯзӣ аз ҷиҳати он, ки решаи амиқ доранд, ҳанӯз идома доранд ва сол то сол такмил меёбанд.

Наврӯз ҷашни одӣ нест, балки омилест, ки фазилатҳои инсонӣ ва эҳсоси меҳру муҳаббатро тақвият мебахшад, дар дилу шуури инсонҳо ҳисси Ватандӯстиро мустаҳкам ва онҳоро ба ҳам наздик месозад.

Ҳ.СОДИҚОВ