Ovozi.uz

Наҷот — дар таълиму тарбия ва дониш

Дирӯз пресс-туре, ки Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят барои журналистону блогерон ташкил кард, ба дабиристони  навбунёди таълими умумии рақами 82-и шаҳри Самарқанд шуд.

Дар ин ҷо бояд гӯем, ки мувофиқи қарорҳои дахлдори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон масоҳати бинои мактаб дар мавзеи “Қорасув”-и ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони Шодиёнаи шаҳри Самарқанд 1,2 гектарро ташкил мекунад. Ҳукумати мамлакатамон ба сохтмони мактаби наве, ки барои 1680 нафар донишомӯз пешбинӣ гардидааст, ҷамъ 37 миллиарду 100 миллиону 600 ҳазор сӯм маблағ ҷудо кардааст.

Сохтмони ин муассисаи таълимиро Ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Темир Қалқан» ва «Меъмор комплекс» ба анҷом расонидаанд.

 Ходимони матбуот ҳамроҳи кормандони Садорати таълимии томактаби ва мактабии шаҳру вилоят аввал бо шароитҳои таълимгоҳ шинос шуданд. Онҳо китобхона, толори варзишӣ ва лабораторияи мактабро аз назар гузаронданд.

Сипас, анҷумани матбуотӣ бахшида ба мавзӯи “Корҳои иҷрошудаи даври гузашта дар соҳаи таълими томактабиву мактабӣ ва вазифаҳои устувори оянда” доир гардид.

— Солҳои охир дар системаи таълими мамлакати мо корҳои зиёде ба ҷо оварда шуданд, — гуфт дар баромади худ сарвари Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят Музаффар Ҳамдамов. — Танҳо соли гузашта дар доираи Барномаи давлатии сармоягузорӣ 27 муассисаи давлатии таълими томактабӣ ба истифода дода шуд. Дар 106 мактаби таҳсилоти ҳамагонии вилоят корҳои сохтмонӣ ва таъмиру тармимиро ба анҷом расониданд. Дар натиҷаи ин корҳо 27 ҳазор ҷойи нави хониши донишомӯзон ба вуҷуд омаданд. Шумораи мактабҳои ғайридавлатӣ ба 46 адад расонда шуд. 147 мактаб бо техникаҳои компутерии замонавӣ ва 621 мактаб бо тахтаҳои электронӣ таъмин карда шуданд.

Дар рафти анҷумани матбуотӣ журналисту блогерон ба саволҳояшон оиди сохтмони дигар мактабу боғчаҳо дар ин мавзеъ, қабули хонандагон, ба кор гирифтани мураббиву омӯзгорон, нақшаҳои садорат дар солҳои минбаъда ва ғайра ҷавоб гирифтанд.

— Акнун мо дар мактаби нав ба кор сар мекунем, — гуфт ҳангоми сӯҳбат ҷонишини директори мактаб  оид ба корҳои маънавият ва  маърифатӣ Камола Толиева. — Мактаб мувофиқи шароитҳои замонавӣ сохта шудааст. Он аз 5 қабат иборат аст. Дар мактаб китобхона, ду толори варзишӣ, ошхона, лаборатория, таҷҳизоти зарурӣ барои касбомӯзии донишомӯзон, лифт ва ғайра мавҷуданд. Қабули донишомӯзон ба таври онлайн сар шуда буд. Аллакай 500 нафар донишомӯзони оянда ба қайд гирифта шуданд. Қариб 30 нафар муаллимон аз санҷиши тестӣ ва сӯҳбат гузаштанд.

Сохтори таълиму тарбия ба зинаи нав мебарояд. Умед дорем, ки кори таълиму тарбияро дар мактаб хуб ба роҳ монда, барои ба камол расонидани ворисони сазовори ҷамъият саҳми худро мегузорем. Охир наҷот дар таълим, наҷот дар тарбия, наҷот дар дониш аст.

Имрӯз мактаби нав ботантана ба истифода супурда мешавад.

М.ҶУМЪАЗОДА