Ovozi.uz

Умри худ бахшидааст бар илму фан…

Анвар Рустамович Исмоилов яке аз устодони фидоии Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд буда, ба садҳо нафар донишҷӯён илму таҷрубаи бисёрсолаи худро омӯзонида, боиси ба воя расидани бунёдкорони ояндаи Ӯзбекистони Нав мешаванд. Аз ин рӯ, устод дар байни омӯзгорону донишҷӯёни донишкада сазовори ҳурмату эҳтироми хоса мебошанд.

А. Рустамович соли 1973 дар яке аз оилаҳои зиёии шаҳри Самарқанд ба дунё омадаанд. Аз овони мактабхонӣ ба забонҳои хориҷӣ, хусусан ба забони англисӣ шавқи баланд дошта, ин забонро хуб аз худ мекунанд ва ин рағбати калон нисбати забономӯзӣ ба таҳсил гирифтани устод дар Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд сабаб шуд. Пас аз хатми муассисаи таълими олии мазкур фаъолияти меҳнатии худро ба ҳайси омӯзгор дар кафедраи забони англисии ин ҷо оғоз намуданд. А. Рустамович бо усулҳои додани таълим, меҳрубонию донишмандӣ байни устодони дигар фарқ мекард ва донишҷӯён низ аз ин марди зукко бештар илм омӯхтан, дар дарсҳояш иштирок намуданро бо мамнуният қабул мекарданд.

Ин меҳнати устод бесамар набуд. Тӯли солҳо устод ба як қатор дастоварду муваффақиятҳо ноил гардиданд. Хусусан, аз соли 1995 то 2007 дар вазифаҳои устоди кафедраи забони англисӣ, нозири шӯъбаи аввалин, роҳбари шӯъбаи байналмилалӣ, сипас мудири кафедраи Фонетикаи назарӣ ва методикаи даргоҳи мазкур, тӯли солҳои 2008–2015 ҷонишини ректори донишкада оиди корҳои хониш, пас аз он ҳамчун декани факултаи якуми Забони англисӣ фаъолият намуд. Ҳоло устод декани факултаи Филологияи англисӣ ва тарҷумашиносӣ мебошанд.

А. Рустамович дар тӯли фаолияти 31‑солаи худ 5 китоби дарсӣ, 3‑то барномаи таълимӣ, 2‑то монография, беш аз 70 мақолаҳои илмӣ-публисистии худро дар нашриётҳои ҷумҳурӣ ва хориҷӣ чоп карда, сазовори баҳои баланди мутахассисони соҳа гардидаанд. Инчунин, устод ба омода намудани кадрҳои илмӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ба беш аз 20 нафар магистрҳо ва 2 нафар номзадҳои фан роҳбари илмӣ шудаанд.

Маҳорати педогогии устод дар дарк карда тавонистани истеъдоди донишҷӯён ва ба онҳо нишон додани роҳи дуруст намоён мешавад. А. Рустамович бо фазилатҳои инсонӣ ва салоҳияти илмиашон аз қалби ҳама донишҷӯён ҷой гирифта, метавонанд намудани ибрат шаванд.

Гулҷаҳон МАРДАНОВА,
устоди кафедраи Методикаи таълими забони англисии
Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд