Қурутоб яке аз маъруфтарин ва қадимитарин хӯрокҳо ба шумор меравад. Тарзи пухтупази он гуногун ва дар ҳар минтақа фарқ мекунад. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи қурутоб дар он аст, ки онро дар табақи чӯбин тайёр мекунанд.
Таркиби ин хӯрок аз чакка ё қурти гудохта, ҷурғот, фатири варақӣ, равғани зағир ё зард, ё маскаи доғ, помидор, бодиринг, гиёҳҳо, пиёз ва намак иборат мебошад. Баъзеҳо шир, равған ё равғани пахта, қаламфури сурх ё сиёҳ ва ғайраро истифода мебаранд.
Барои тайёр кардани қурутоб қурутро дар оби ҷӯши ширгарм тар карда, сипас дар табақи чӯбин соида тамоман ҳал мекунанд. Баъд, дар коса ё табақ фатирро реза карда, аз ҳамон қурутоб меандозанд. Ба коса ё табақ, инчунин, равғани зард, мурч, намакро ҳам илова кардан мумкин аст. Ба қурутоб мувофиқи табъ резапиёз, кабудӣ, мурч ё қаламфур ҳамроҳ мекунанд.
Масалан, дар водии Зарафшон қурутобро ин тарз мепазанд. Қурутро дар оби гарм каме тар карда, баъди мулоим шудан ба девораҳои зарфи чӯбин совида қурутоб тайёр мекунанд. Сипас, онро ба косаҳо мегиранд, баъд равғани зарди гудохта андохта, аз болояш нон реза мекунанд.
Қурутоб таоми серғизо буда, онро аз ҷурғоту чакка низ тайёр мекунанд. Барои 2‒3 фатир як коса қурути обкардашуда ё ҷурғот, 2‒3 бандча пиёзи кабуд ва кабудӣ, 200 грамм равған ва мувофиқи табъ мурч лозим аст.
Таҳияи ЛОЛА
