Ovozi.uz

Дар вақти буридани навдаҳо ба чӣ диққати махсус додан зарур?

Пеш аз буридани шоҳу навдаҳои дарахтони мевадор хусусияти мевадиҳии онҳоро омӯхтан лозим аст. Хусусиятҳои дарахтро надониста, буридани шохаҳои он мумкин нест.

Масалан, дарахти шафтолу шохаҳои яксолаи мевадиҳанда дорад. Аз сабаби бисёр сар задани шохаҳои он ҳар сол кариб 50 дарсади шохаҳои навбаромада бурида мешаванд. Дарахтони анҷир, чормағз, бодом, гелос, хурмо, себ, нок, олу ва зардолу меваи асосии худро дар шохаҳои 2–3 сола медиҳанд. Бинобар ин, ҳар сол қариб 10–20 дарсади навдаҳои навро буридан даркор аст.

Дар аксарияти минтақаҳои кишварамон шохаҳои дарахтонеро, ки меваи донакдор медиҳанд, дар моҳҳои феврал-март мебуранд. Дар ин бобат ба боғбонон нозирони Садорати карантин ва муҳофизати растаниҳои вилоят ёрии бевосита мерасонанд. Ҷиҳати муҳими буридани навдаҳо ҳамин, ки он барои муҳофизати дарахтон аз касалиҳо ва ҳашароти зараррасон кӯмак мекунад. Ин бошад, солимии боғҳоро таъмин ва дар оянда ба беҳтар шудани сифати мева мусоидат хоҳад кард.

Пешгирии паҳншавии ҳашароти зараррасон ва касалиҳо тавассути чораҳои карантинӣ суботи экосистемаро таъмин мекунад ва дар боғҳо ба нигоҳ доштани гуногунии биологӣ мувофиқ меояд. Ин имкон медиҳад, ки маҳсулоти хушсифат истеҳсол карда, ба деҳқонон фоидаи иқтисодӣ оварад. Чораҳои карантинӣ дар бозор рақобатпазирии меваҳоро баланд бардошта, барои истеъмолкунандагон бехатар будани онҳоро таъмин мекунанд.

Дар вақти ташкил кардани боғҳои дарахтони мевадор шакли табиии дарахтро ба назар гирифтан лозим аст. Ба дарахт додани шакли нодуруст метавонад нашъунамо ва саломатии онро вайрон кунад. Беҳтарин вақт барои ин баҳор ё тирамоҳ аст. Дар ин давр, дарахтон фишори камтар доранд. Интихоби дурусти асбобҳои шаклдиҳӣ низ муҳим аст. Асбобҳое, ки бо онҳо навдаҳо бурида мешаванд, бояд тоза ва тез бошанд. Буришҳои рост ва ҳамвор зарар дидани дарахтро кам мекунад. Ҷиҳати дигари муҳиме, ки ҳангоми шакл додан ба назар гирифта мешавад, саломатии дарахт ва муқовимати он ба бемориҳо мебошад. Буридани дарахти бемор метавонад вазъи онро бадтар кунад. Аз ин сабаб, ҳангоми ташаккул додани боғҳо эҳтиёткор будан муҳим аст. Агар дар дарахт ҳашароти зараррасон мавҷуд бошад, онҳо бояд пеш аз буридани навда нест карда шаванд.

Б.ҒАНИЕВА