Ovozi.uz

Алӣ Қушчӣ — «фарзанди арҷманд»-и Улуғбек

Далелҳои илмиеро, ки олимони Академияи Мирзо Улуғбек кашф намудаанд, метавон боз идома дод. Барои ин, мутахассисони соҳа бояд мероси илмии донишмандони бузургро амиқтар, ҳамаҷониба ва дар асоси методологияи синергетикӣ таҳқиқ кунанд.

Ҳамзамон, омӯзиши мероси илмии мутафаккирон, ба мисли Ғиёсиддин Ҷамшед Кошӣ ва Алӣ Қушчӣ, на танҳо барои эҷоди дониш ва назарияҳои нав аҳамияти эвристикӣ дорад, балки дар таҳқиқи фаъолияти Академияи Улуғбек ва таърихи расадхонаи машҳур низ нақши муҳим мебозад.

Ҳарчанд осори Ҷамшеди Кошӣ оид ба математика тарҷума ва таҳқиқ шудаанд, аммо осори астрономии ӯ, бахусус «Зиҷи Хоқонӣ», кам таҳқиқ гардидааст. Маҳз омӯзиши ин асар нишон хоҳад дод, ки мушоҳидаҳои астрономӣ дар Самарқанд то чӣ андоза дақиқии баланди илмӣ доштаанд. Ғайр аз ин, он ҳамчун як манбаи муҳим барои таҳқиқи назарияҳо ва андешаҳои фалсафии ӯ хизмат мекунад.

Яке аз намояндагони бузурги мактаби илмии Улуғбек Алии Қушчӣ мебошад. Номи пурраи ӯ Мавлоно Алоуддин Алӣ ибни Муҳаммад Қӯшчии Самарқандӣ буда, на танҳо риёзидон ва астроном, балки файласуфи маъруф низ ба шумор меравад. Ӯ донишҳои ибтидоии худро аз олимони Самарқанд омӯхта, дар соҳаи математика ва астрономия аз Қозизодаи Румӣ ва Мирзо Улуғбек таълим гирифтааст.

Алии Қушчӣ дар баробари рисолаҳои илмӣ дар соҳаҳои астрономия ва математика, ҳанӯз дар синни 15‑солагӣ асаре оид ба фалсафа навиштааст. Аз ин метавон хулоса кард, ки ӯ на танҳо таълимоти фалсафии даври худро ба таври амиқ фаро гирифта буд, балки аз фалсафаи Шарқ ва ҷаҳон низ огоҳӣ дошт.

Ӯ дар рушди фаъолияти мадрасаи Улуғбек дар Самарқанд, бунёди расадхонаи Улуғбек (соли 1424) ва таҳияи «Зиҷи ҷадиди Курагонӣ» фаъолона иштирок дошт. Пас аз Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошӣ ва Қозизодаи Румӣ, ӯ мудири расадхонаи Улуғбек гардид. Дар ҷараёни фаъолияти худ, Алии Қушчӣ ба такмили усулҳои илмии Академияи Улуғбек ва таҷҳизоти мушоҳидаву таҷрибавӣ мусоидат намуд.

Сарчашмаҳо ишора мекунанд, ки пас аз марги Мирзо Улуғбек, расадхона таҳти роҳбарии Муҳаммад Алии Қушчӣ ва Мирами Чалабӣ чанд даҳсола фаъолият доштааст. Бо вуҷуди ин, дар натиҷаи мушкилоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фишори уламои мутаассиб, Алии Қушчӣ маҷбур шуд, ки кишварро тарк кунад. Аз нуқтаи назари синергетикӣ, пас аз қатли Мирзо Улуғбек, низоми ҷомеа ба ҳолати бесуботӣ рӯ ба рӯ шуд. Ҷараёнҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ боиси суст шудани рушди низомманди даврони Темуриён гардиданд.

Алӣ Қушчӣ бо дарки вазъ, бо худ дастнависҳои муҳими илмии расадхона, «Зиҷи Курагонӣ»-и Улуғбек ва харитаи ситораҳоро гирифта, аввал ба Табрезу Ҳирот ва сипас ба Туркия рафт. Ӯ ба дарбори султони ҳафтуми империяи Усмонӣ, Муҳаммад II ворид шуд ва ба эҳтироми баланди аҳли илм ноил гардид.

Дар Туркия, ӯ маркази маърифатие таъсис дод, ки ҳам илмҳои дунявӣ ва ҳам динӣ дар он ривоҷ меёфтанд. Ӯ дар мадраса ба таълими шогирдон пардохта, усулҳои илмии Самарқандро ба онҳо омӯзонд. Ба зудӣ на танҳо дар Туркия, балки дар саросари Аврупо ба фаъолияти илмии ӯ таваҷҷуҳ афзоиш ёфт.

Дар ҳақиқат, яке аз сабабҳои паҳн шудани дастовардҳои илмии Академияи Мирзо Улуғбек дар Аврупо ва сипас дар ҷаҳон, маҳз талошҳои Алӣ Қушчӣ буданд. Ӯ ба олимони аврупоӣ дастовардҳои математика ва астрономияи Самарқандро, методҳои ченкунии арзишҳои астрономӣ, асбобҳои мушоҳидавӣ, ҳалли функсияҳои тригонометрӣ ва ҷорӣ намудани рақамҳои манфӣ ва мусбатро таълим дод.

Аз нигоҳи фалсафӣ, ҷанбаҳои муҳими илмҳои дақиқ ва табиӣ, ки имрӯз дар Аврупо рушд ёфтаанд, то ҳадде ба рушди илмӣ дар даврони Ренессанси Дуюми Шарқ ва ба кӯшишҳои Алии Қушчӣ вобастаанд. Тавре профессор Б. Тураев таъкид мекунад, Алии Қушчӣ яке аз мутафаккироне буд, ки дастовардҳои Ренессанси Дуюмро ба Аврупо интиқол дод.

Алии Қушчӣ дорои тафаккури ғайрихаттӣ буд, ки имкон медод методологияи синергетикӣ ва ғояҳои навро эҷод кунад. Ӯ мисли дигар астрономони Самарқанд ба он бовар дошт, ки Замин дар атрофи Офтоб ва дар меҳвари худ низ гардиш мекунад.

Ба назари ӯ, ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ аз Шарқ ба Ғарб дар асл натиҷаи гардиши Замин аз Ғарб ба Шарқ мебошад. Ин мисли он аст, ки як мусофир дар киштӣ ҳангоми мушоҳидаи соҳил чунин гумон мекунад, ки соҳил ҳаракат дорад. Пеш аз он ки олими поляк Николай Коперник назарияи ҳаракати Заминро ба таври илмӣ асоснок созад, олимони Академияи Самарқанд на танҳо асосҳои риёзии онро таҳия, балки моҳияти амалии онро низ исбот намуда буданд.

Профессор Б.Тӯраев дар мақолаи худ оид ба мероси илмӣ-фалсафии Алии Қушчӣ таъкид мекунад, ки ӯ ба риёзиёт истифодаи касрҳои даҳӣ, усулҳои ченкунии секунҷаҳои дохили доира, методҳои махсуси ҳалли функсияҳои тригонометрӣ, ҳисобкунии дақиқи адади π ва усулҳои дигари пешрафтаро дохил кардааст.

Хулоса, дар Академияи Мирзо Улуғбек дар Самарқанд, на танҳо илмҳои дақиқ, балки илмҳои иҷтимоӣ ва фалсафӣ низ дар сатҳи баланд рушд ёфта буданд. Олимони Академия барои пешрафти фалсафа ва мантиқ саҳми назаррас гузошта, ба рушди методологияи синергетикӣ мусоидат намуданд.

Дастовардҳои онҳо ҳамчун мероси гаронбаҳои илмӣ, метавонанд дар ҷаҳони муосир барои рушди илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ хидмат намоянд ва рушди ғояҳои фалсафаи эвристикиро таъмин созанд.

Баҳодур РАҲМОНОВ,
доктори фалсафа оид ба фанҳои фалсафа