Баҳром Сафозода яке аз мусаввир, дизайнер, ссенограф (ороишгари саҳна)-и Театри драмаи мусиқии Самарқанд мебошад. Вай фарзанди рассоми маъруфи самарқандӣ Даврон Сафозода буда, то ҳол соҳиби як қатор мукофотҳои давлатӣ, ичнунин, муаллифи дизайни беш аз ҳафтод спектакл аст. Вай то ҳол бештар аз 30 маротиба намоиши асарҳояшро дар давлатҳои гуногун гузаронида, байни ҳаводорони рангу тасвир мавқеъи худро пайдо кардааст.
Инак, мо бо ӯ ба муносибати 27-уми март — Рӯзи умумиҷаҳонии театр як мусоҳибаи самимиро анҷом додем, ки пешкаши шумо азизон мегардад.
— Даставвал, барои фурсат пайдо кардани шумо ба мусоҳиба ташаккур мегӯем! Оё гуфта метавонед, ки чӣ тавр ба соҳаи санъат ворид шудед?
— Аз овони бачагӣ падарам ҳар куҷое барои сӯҳбат бо дӯстону аҳли маърифат мерафтанд, маро ҳамроҳи худ мебурданд. Ба утоқи корияшон низ баъзан рӯзҳои истироҳатӣ ҳамроҳ меомадем. Барои ман бузургтарин коре, ки падарам анҷом додаанд — маро ҳамроҳи худ карданашон мешуморам. Ҳоло падару модарон ба фарзанд то қадри кофӣ эътибор намедиҳанду шикоят мекунанд, ки аз роҳи гуфтаашон намегардад. Имрӯз чӣ қадар одамон маро мешинохта бошанд, танҳо ба воситаи падарам бо онҳо робита пайдо намудаам. Вақте бо падарам мегаштам, гувоҳи сӯҳбатҳое мешудам, ки воқеан сазовори таҳсин буданд. Бо шоирон, олимон, аҳли илму адаб… Ман танҳо мешунидам. Ба фикрам барои ба роҳи эҷод ворид шуданам, ҳамин сабаб шудааст. Ин як ҷараёни ғайричашмдошт буда, ман бо зӯри як қувваи ноаён ба ин роҳ даромадаам.
Пас аз хатми мактаб падарам пурсиданд, ки кадом соҳаро интихоб мекунам. Ман санъат, ба даст мӯйқалам гирифтан, ҳайкал сохтан, саҳна оростанро аллакай интихоб карда будам. Ин дар дили ман реш зада буд. Баъди ба охир расонидани таҳсил дар донишкада ба устохона (утоқи корӣ)-и падарам омада, ба ӯ кӯмак мерасонидам. Сипас, дар соҳаи санъат кори худро ба роҳ андохта, эҷодро оғоз намудам.
Вақте ба соҳаи театр ворид шудед, баромадан хеле душвор аст. Аз эҷод, аз ин муҳити театр дил канда намешавад. То ҳол сабабашро намедонам.
— Ба ғайр аз сураткашӣ ва театр боз ба кадом соҳа шавқ доред?
— Ман ҳамчун мутахассисии дуввум равоншиносиро интихоб намудам. Ғайр аз ин, бо каллиграфия (зебонависӣ) ҳам сару кор дорам. Равоншиносӣ самтҳои гуногун дорад. Ман риштаи арт-терапияро, ки ба санъат вобаста аст, омӯхтаам. Ин самт инсонро чӣ тавр бо санъат аз беморӣ фориғ карданро, аз рӯҳафтодагӣ наҷот доданро меомӯзад.
Мисол, дар театр асосан актёрҳо ба саҳна баромада, нақши як қаҳрамонро меофаранд. Онҳо бо тамоми вуҷуд ба образи худ дода мешаванд, ки баъзе актёрҳо пас аз бозидани роли худ бемор мешаванд, ё ҳатто аз олам гузаштаанд. Рассомҳо ҳам инчунин. Масалан, ман вақте, ки як асари саҳнавиро оғоз менамоям, бояд ба муҳити он замон дароям, бо нависандаи асар як хел фикр кунам. Ё ҳангоми сураткашӣ барои суратро дарк кардани бинанда ба ҳар як ҷиҳати он бояд эътибор диҳам. Баъзе эҷодкорон ҳастанд, ки ба олами хаёлии худ ғарқ шуда, дар кӯчаҳо ҳатто бо худ сӯҳбат мекунанд. Айнан ҳамин ҳолатҳоро тавассути равоншиносӣ ё бо худи санъат пушти сар кардан мумкин. Ман ин ҷиҳатҳоро дар тӯли фаъолияти худ дар театр бисёр мушоҳида намуда, соҳаи равоншиносиро низ омӯхтам.
— Оё дар шумо ҳам чунин ҳодиса рух додааст? Шумо аз ин гуна муаммоҳо чӣ тавр мебароед?
— Дар рӯи ҷаҳон одаме нест, ки муаммо надошта бошад. Рӯҳафтодагии онҳо аз гирду атроф ва баҳои паст додан ба худ пайдо мешавад. Дар тӯли ҳаёт ҳамаи одамон бо ин ҳолат рӯ ба рӯ мешаванд. Албатта, дар ман ҳам ин ҳолатҳо мушоҳида шудааст. Мисол, то ҳол корҳои сӣ сол қабл оғоз намудаам нотамом истодааст. Ин оқибатҳои бад ҳам дорад, ки корҳои нотамом ҳамеша дар хаёли эҷодкор мемонад. Ҳама вақт бо фикри ба охир расонидани онҳо мегардад. Ман дар хотирам ин корҳоро ёддошт карда мондаам ва баъзан ба ёд меорам, ки кай кадом корро бояд иҷро кунам. Баъзе нақшаҳо ҳастанд, ки солҳо боз истодаанд. Ҳар боре, ки ба онҳо назар меандозам, як фикри нав пайдо мешавад.
Барои офаридани портрети одам донистани характери инсон хеле муҳим аст. Ҳоло барои кашидани сурати якчанд мутафаккир осори онҳоро бештар омӯхта, сипас сурати онҳоро мекашам. Баъзе корҳо дар назарам гӯё вақти бисёрро мегиранд, аммо дар як муддати кӯтоҳ онро анҷом медиҳам. Баъзеашон баръакс.
— Ин ҳама шояд ба омадани илҳом вобастагӣ дошта бошад?
— Ман ҳеч маънои вожаи «илҳом»-ро нафаҳмидам – онро эҳсос карда наметавонам. Шояд илҳоми ман ҳам меомада бошаду ман онро намедониста бошам. Баъзе эҷодкорон бо нӯшидани шароб ё бо сигоркашӣ омадани илҳомро мегӯянд. Ман инро ҳеч намефаҳмам…
Гоҳо барои ба поён нарасидани баъзе корҳо одам асабонӣ мешавад. Баъзан аз хуб баромадани кори худ хурсанд мешавад. Дар ҳама ҳолат ман ба наранҷонидани дили касе ҳаракат мекунам.
Дар кор ҳолатҳои гуногун рӯй медиҳанд. Ҳамчун саррассом, дар театр роҳбари соҳаи худам мебошам. Таҳти назорати ман чандин нафар кормандон ҳастанд. Ба ҳар яки онҳо бояд намуна шуда тавонистан ва мувофиқи истеъдодашон вазифаҳоро тақсим намудан кори асосии ман аст. Аксар вақтҳо барои иҷро нашудани вазифаҳо сарзаниш мекунем, баъзан таъриф. Одам барои ҳама хуб шуда наметавонад. Аммо то қадри имкон кӯшиш мекунам, ки ба дили касе озор надиҳам.
— Оё кайфияти неку бади худро ба хона ҳам мебаред? Ё кайфияти корро дар кор, хонаро дар хона мегузоред?
— Албатта, ба хона ҳам ин таъсири худро мерасонад. Агар дар кор ман чизеро то охир ба анҷом нарасонаму ба хона равам, мумкин дар он ҷо ба касе ҳарфи сахт гӯям. Гоҳо тамоми рӯз дар корхона ҳеч кор карда наметавонам. Қоидаи ҳаёт ҳамин хел.
«Эҷодкорон одамони бисёр кунҷков мешаванд» — мегӯянд. Мумкин ман ҳам ҳамин тавр бошам. Ба ин аҳли оилаи эҷодкор одат мекардааст. Агар ба нафарони эҷодкунанда ҳамсари босабру таҳаммул насиб гардад — барои онҳо аз ин зиёда бахт нест. Ман ҳам худамро одами хушбахт меҳисобам, ки ба пешониам чунин ҳамсари оқилаву доно насиб гардидааст.
— Ба офаридани сурати рӯёҳоятон то ҳол ноил гардидаед?
— Леонардо да Винчи, Микелланҷело, Донателло ва дигар мусаввиру ҳайкалтарошони бузург дар вақти зиндагияшон ҳеч гоҳ яке аз корҳояшонро шоҳасар гуфта натавонистаанд. Фақат мехоҳам, ки корам ба худам маъқул бошад. Фикр мекунам, ки асарам агар аз дили ман ҷой гирифта тавонад, ба мардум низ хуш меояд. Аммо ман асарамро барои ҷалби эътибори касе ё барои ба касе хуш омадан эҷод намекунам.
Албатта ҳангоми кашидани портрет чеҳра бояд ба акси аслии одам монанд бошад. Ин як чизи дигар аст. Ман беҳтарин будани кадом асарамро намедонам. Ҳамчун рассом кадомин суратам аз ҷиҳати рангу маҳорат беҳтар аст, мушоҳида карда метавонам. Вақте ба суратҳои падарам нигоҳ мекунам, фикр мекунам, ки ман бояд боз биёмӯзам. То ҳол ба идома додани мактаби падарам ва ба шогирдон омӯхтани асрори санъати тасвирӣ кӯшиш менамоям.
— Медонем, ки пеш аз баромадани барномаҳои имрӯзаи компутерӣ ҳам падаратон ва ҳам шумо бо рӯзномаҳои вилоятӣ ҳамкории мустаҳкам доштаед. Имрӯз ин ҷараён чӣ тавр аст?
— Аз азал бо муаллифони асарҳои бадеӣ, бо рӯзномаҳо ҳамроҳи падарам кор мекардем. Ҳоло ҳам ин гуна таклифҳо зуд-зуд мушоҳида мешаванд. Ин корҳоро барои эҷодкорон аз таҳти дил иҷро мекунам. Падарам ҳам ҳамин тавр буданд.
То маъруфият пайдо кардани барномаҳои компутерӣ, ҳангоми бори аввал ташкил гардидани рӯзномаи «Овози Самарқанд» дар даври Нор Остонзода бисёр суратҳо ва ҳатто навиштаҷоти асосӣ (дар забони журналистика «паспорти рӯзнома»)-ро бо падарам омода карда будем. Ин ҳамкории байни рӯзномаву мо буд ва он то ҳол идома дорад.
Ба қарибӣ рӯзномаи “Овози Самарқанд” 35-сола мешавад ва ман нияти суратҳои ману падарам, ки дар он рӯи чопро дидаанд, ҷамъоварӣ намуда, гузаронидани намоиши онҳоро ҳам дорам.
— Мо ба корҳои ояндаи шумо барор хоҳонем. Барои сӯҳбати самимӣ бори дигар ташаккур мегӯем!
Мусоҳиб Шаҳзод КЕНҶАЕВ.
