Тибқи гузориши Bloomberg, Чжан Имин, асосгузори ширкати ByteDance, акнун сарватмандтарин шахси Чин шудааст. Дар раддабандии миллиардерони Bloomberg, дороии ӯ танҳо дар соли ҷорӣ 13,6 миллиард доллар афзоиш ёфта, то 27-уми март ба 57,5 миллиард доллар расидааст.
Чжан Имин дар раддабандии сарватмандони Чин — Пони Ма (ҳаммуассиси Tencent Holdings) бо 56,6 миллиард доллар ва Чжун Шаншан (раҳбари ширкати Nongfu Spring) бо 54,1 миллиард долларро қафо гузошт.
Дар рӯйхати сарватмандтарин шахсони Осиё, Чжан Имин пас аз миллиардерони ҳиндӣ Мукеш Амбани (90,9 миллиард доллар) ва Гаутам Адани (72,3 миллиард доллар) дар ҷойи сеюм қарор гирифтааст.
Дороии асосии Чжан Имин ба саҳмияҳои ӯ дар ByteDance марбут аст, ки соҳиби платформаҳои машҳури TikTok ва Douyin мебошад. Тибқи маълумоти Bloomberg, ByteDance дар соли 2023 беш аз 110 миллиард доллар даромад ба даст оварда, шумораи корбарони он аз 1 миллиард нафар гузаштааст.
Чжан Имин ByteDance-ро соли 2012 ҳамроҳ бо Лян Рубо таъсис дода буд. Гарчанде ки ӯ соли 2021 аз вазифаи директори генералӣ ва баъдан аз раёсати ширкат истеъфо дод, саҳми ӯ дар ширкат ҳанӯз ҳам бузург боқӣ мондааст.
