Агар бастаҳои рӯзномаи солҳои пешинаи «Овози Самарқанд»-ро варақ занед, аз солҳои 1990 ба мақолаҳои илмиву оммавӣ ва таҳлиливу мушоҳидавии «Навиштаҷоти ёдгориҳои Маҷмӯаи Регистон», «Мероси илмӣ ва шаҳрсозии Мирзо Улуғбек» (якҷоя бо Қ.Ҳасанов), «Абадзинда ё худ ёде аз «Ота»-и Регистон», «Санъати бадеии нақшгузории гул», «Ҷонам фидои Сӯху сӯхиҳо», «Фарҳанги хайру эҳсон», «Дилро ба дил роҳест…», «Порае аз ҳаёти зани ҳассос» ва ғайра меафтад, ки бо имзои Беҳрӯз Маъруфӣ чоп шудаанд, чашматон меафтад. Узви Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Беҳрӯз Маъруфӣ (Рауфзода Беҳрӯз, номи дигараш Ҷамшед) яке аз мухбирони ҷамоатии фаъоли рӯзнома буд ва ҳаматарафа нашрияи моро дастгириву пуштибонӣ мекард.
Беҳрўз Маъруфӣ соли 1969 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омада буд. Баъди хатми мактаби умумитаълимии рақами 21‑и шаҳри Самарқанд ба факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуд. Баъди хизмати ҳарбӣ ва хатми донишгоҳ ҳамчун ходими адабӣ дар таҳририяти рӯзномаи «Самарқанд» фаъолият бурд. Чандин сол дар яке аз вазифаи масъули ҳокимияти ноҳияи Боғишамоли шаҳри Самарқанд кор кард.
Аз соли 1995 фаъолияти худро дар вазифаи котиби илмии Музей-мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд идома дод. Якчанд мақолаҳои илмӣ навишта, раҳнамои экскурсовод, буклетҳо ва намоишгоҳҳо ташкил кард.
Беҳрўз Маъруфӣ аз соли 2006 то 2019 дар ансамбли Регистон аввал ҷонишини директор ва 10 сол директор шуда кор кард. Дар ин вазифаҳо вай ҳамчун роҳбар ва корманди илмӣ иқтидори худро намоиш дод. Аз ҷумла, вай бо устоди худ Қурбон Ҳасанов дар ансамбли Регистон намоишгоҳ-экспозитсияҳои «Санъати амалӣ ва халқии Самарқанд» (2006), «Таърихи таъмири ёдгориҳои Самарқанд» (2007), «Мирзо Улуғбек — аллома ва бунёдкор» (2008), «Таърихи таълим дар Самарқанд» (2009, бо иштироки муассасаҳои таълими вилоят)-ро ташкил кард.
Дар давоми 10 соли роҳбарии Беҳрўз Маъруфӣ дар ансамбли Регистон бисёр корҳои муҳим ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, дарсхонаҳои мадрасаи Мирзо Улуғбек ва мадрасаи Шердор таъмир гардиданд, гумбази берунаи мадрасаи Тиллокорӣ аз таъмир баромад, майдони Регистон аз нав бунёд ва бо технологияи замонавӣ ҷиҳозонида шуд.
Аз соли 1997 дар ҳар ду сол як маротиба дар майдони Регистон Фестивали байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» бо иштироки сарвари Ўзбекистон ва меҳмонҳои хориҷӣ баргузор мегашт, ки дар ташкил ва гузаронидани онҳо саҳми Беҳрӯз Маъруфӣ калон буд. Бар замми корҳои роҳбари ӯ тадқиқотҳои илмӣ бурда, дар анҷуманҳои байналхалқии илмӣ бо маърўзаҳо баромад мекард. Бо бисёр олимон, шоирон, рассомон ва дигар ходимони соҳаи эҷод ҳамкорӣ дошт.
…Соли 2015 мо дар назди рӯзномаи «Овози Самарқанд» мактаби маҳорати журналистӣ ташкил карда будем. Дар он қариб 20 нафар донишомӯзони мактаб ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ иштирок карданд. Ҳамон сол қарор дода будем, ки баъзе дарсҳо бевосита дар корхонаву муассиса, ташкилот, саҳро ва ғайра гузаронида мешаванд. Аз рӯи нақша машғулот дар маҷмӯи Регистон ҳам буд ва дарси навбатиро бевосита худи Беҳрӯз Маъруфӣ дар дили шаҳри Самарқанд — майдони Регистон гузаронд.
Дар вақту соати муайяншуда мо ба майдони Регистон ҳозир шудем. Бо вуҷуди ташвишҳои зиёд ва серкорӣ моро худи Беҳрӯз Маъруфӣ бо чеҳраи кушод пешвоз гирифт. Аз рӯи мавзӯъ барои мухбирони оянда дарс гузашт. Баъд худ роҳбалад шуда, тамоми мадрасаҳои Регистонро нишон дод. Нақлаш рангину шавқовар буд. Вақти бозгашт ба ҳар кадоме яктоӣ китобча-буклети «Регистон»-ро бахшид. Ҳама хурсанд шуданд ва он рӯз шояд як умр дар лавҳи хотирашон нақш баст.
Баъди таъсиси Хона-музейи ҳофизи машҳури Самарқанд, Артисти халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов Беҳрӯз Маъруфиро роҳбари он таъин карданд. Вай барои ғанигардонии экспонатҳои осорхона, дарёфти нигораҳои нав ва ба роҳ мондани кори пурсамари он саҳми калон гузошт. Инчунин ӯ дар хона-музейи мазкур бори аввал дар ҳамкорӣ бо таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» рӯзи 8-уми майи соли 2021 шоми назму наворо таҳти унвони «Ушшоқи Самарқанд» баргузор карданд. Дар он на танҳо шоиру сарояндагони вилоят, балки аз вилоятҳо ва кишварҳои ҳамсоя низ дӯстдорони санъати мусиқӣ иштирок намуданд.
Вале ба ин ҷавомарди дӯстдори Самарқанд умр вафо накард. Вай моҳи июли соли 2021 дар синни 52‑солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Беҳрӯз Маъруфӣ умри нисбатан кӯтоҳе дида бошад ҳам, лекин хизматҳои вай дар таърихи Самарқанд, тараққиёти илму фарҳанг, муҳофизат ва таъмири ёдгориҳои меъморӣ, тараққиёти музейшиносӣ ва ташкил намудани осорхонаҳои нав дар Самарқанд калон аст. Ӯ, дар ҳақиқат фарзанди фарзона ва асили Самарқанд буд, ин шаҳри бостониву бӯстониро бо тамоми ҳастии худ дӯст медошт ва гумон мекардем, ки лаҳзае бе хаёли Самарқанд зиста наметавонад. Бинобар ҳамин, ба китоби мақолаҳои худ, ки пеш аз вафоташ таҳия карда буд, беҳуда «Дилу ҷонам, Самарқанд» ном нагузоштааст.
Б.ҶУМЪАЕВ
