Аъзои Академияи санъати Ӯзбекистон, рассоми маъруф ва ходими хизматнишондодаи фарҳанги Ӯзбекистон Нуриддин Калонов ба синни 75 расид.
Ба ин муносибат дар шаҳри Самарқанд намоиши асарҳои эҷодии ӯ таҳти унвони “Руҳи Самарқанд” ва “Устод-шогирд” ифтитоҳ ёфт.
Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев ширкат варзида, рассомро бо ҷашни 75-солагиаш табрик намуд.
Дар намоишгоҳ асарҳои офаридаи рассом дар солҳои гуногун ба намоиш гузошта шуданд. Ширкаткунандагони чорабинӣ аз ин асарҳои дурахшон боздид карданд.
