Ovozi.uz

Абдулазиз Комилов бо ордени баланди Италия сарфароз гардид

Абдулазиз Комилов, намояндаи махсуси Президенти Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ бо дараҷаи “Офитсер”-и ордени “Барои хизматҳо дар назди Ҷумҳурии Италия” (Ordine al Merito della Repubblica Italiana) сарфароз гардидааст. Дар ин бора «Дунё» АА хабар медиҳад.

Орден ба шаҳрвандони Италия ва хориҷиён барои адабиёт, хайрия, фаъолияти иҷтимоию башардӯстона ва ғайра хизматҳо дода мешавад.

Ин хабар дар вебсайти расмии Gazzetta Ufficiale, рӯзномаи ҳукуматии Саркотибияти президенти Италия (pdf) эълон шудааст. Дар рӯйхат дигар сиёсатмадорони машҳури Италия ва мамлакатҳои хориҷӣ низ ҳастанд.

Ордени «Барои хизматҳо дар назди Ҷумҳурии Италия» мукофоти олии давлатии Италия мебошад, ки 3-юми марти соли 1951 таъсис ёфтааст. Ҷоизаро президенти Италия бо ризоияти Шӯрои вазирон одатан дар як сол ду маротиба: 2-юми июн (рӯзи таъсиси ҷумҳурӣ) ва 27-уми декабр (рӯзи Конститутсия) медиҳад.