Эътибор Маҳмудова аз зумраи эҷодкорони ба назар намоёни муҳити имрӯзаи адабии Самарқанд аст. Ҳар маҳфилу ҷамъомаде, ки ӯ иштирок кунад, бо шукӯҳу таровати тоза мегузарад. Зеро Эътибор Маҳмудова қобилияти нотиқӣ дорад ва шеърҳои худро бомаҳорат қироат мекунад, бо овози ширадораш суруд мехонад ва бо назокати ба худ хос арғушт меравад.
Сурудхониву маҳфилороиро ҳангоми кор дар дастаҳои фолклориву этнографӣ омӯхтааст. Солҳо барои беҳтар кардани шароити шахсони ногироидошта ва ҳифзи иҷтимоии онҳо дар ҷамъияти «Занони ногироидошта» кор кардааст. Ӯ ба ҳама некӣ ва дасти ёрӣ дароз мекунад. Дар ин бора худи шоира ҳам мегӯяд:
Волидайнам номи ман,
Гузоштаанд Эътибор.
Ба шумо хоҳам доим
Зиндагии чун баҳор.
Эътибор Маҳмудова дар маҳаллаи Раҷабамини ноҳияи Самарқанд таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми мактаби рақами 44‑и зодгоҳаш ва Донишкадаи иқтисодиёту менеҷменти вилояти Қашқадарё дар соҳаҳои гуногун кор кардааст. Аз давраи ҷавонӣ дар корҳои ҷамоатӣ фаъол мебошад. Бар замми ҳамаи инҳо чанд сол боз ба эҷоди бадеӣ машғул аст. Ва дар тӯли ин солҳо ҳамчун шоира шинохта шуд. Эътибор Маҳмудова ба забонҳои ӯзбекиву тоҷикӣ шеър менависад. Шеърҳояш сол аз сол равону пуробуранг мегарданд.
Э. Маҳмудова баробари дар матбуоти ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон зуд-зуд бо шеърҳои тару тозааш баромад кардан, маҷмӯаҳои шеърии худро дастараси хонандагон мегардонад. Ӯ муаллифи китобҳои шеърии «Самарқанд таровати», «Умр чироғи» аст. Соли гузашта мухлисонашро бо китоби нави худ «Дарёдил» шод намуд.
Ба қарибӣ нашриёти «Маҳорат» китоби шеърҳои тоҷикии шоира — «Духтари парӣ»-ро аз чоп баровард. Дар ин китоб эҳсоси дили нозуки шоира акси худро ёфтааст. Бештари шеърҳо бо як ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ навишта шудаанд. Ба ин шеърҳои ба васфи Ватан, Ӯзбекистон ва Самарқанд бахшидаи ӯ мисол шуда метавонанд.
Чизи аз ҳама ҷолибе, ки дар ин маҷмӯа ба чашм бармехӯрд, дар охири китоб ҷойгир кардани шеърҳои бачагонаи шоира «Набераи боғайрат», «Китобам», «Гурбаи ман донояк», «Саги хуб» ва «Ҳавлии мо» аст. Ин шеърҳо бо забони содаву равон, самимона, мувофиқи табъу завқ ва синну соли кӯдакон эҷод шудаанд ва бурди шоира ба ҳисоб мераванд. Хулоса шоира минбаъд ҳам дар ин ҷода шеърҳо эҷод кунад, ҳатман комёб мегардад.
Б.ҶУМЪАЕВ
