Ovozi.uz

««Ман «выговор» доданӣ набудам»

Соли 1992. Шумораи навбатии рӯзнома тайёр мешуд. Ман навбатдор будам. Бо сабаби дар сехи фотонабор сари вақт тайёр накардани плёнкаҳо саҳифабандии рӯзнома кашол меёфт. Кормандони матбаа сар боло накарда, хатоҳоро мувофиқи нишондоди ман ислоҳ мекарданд. Сарлавҳаҳоро ҷой ба ҷой мегузоштанд…

Ходимони рӯзнома, ки барои бехато баромадани рӯзнома ба ман кӯмак мерасонданд, кайҳо рафта буданд.

Соат ба 9‑и шаб наздик мешуд. То хонаамон, ки дар деҳаи Чунгули ноҳияи Самарқанд мебошад, роҳ дур аст. Ҳаво сарду нофорам. Дар бевақти шаб нақлиёте нест. Тарҳи рӯзномаи плёнкагиро ба ходими фотонабор Розаапа (янгаи Насиба Абдуллоева) супоридам. Ӯ пас аз фурсате онҳоро ба саҳифаҳои тунукагӣ гардонд. Ман онҳоро шитобон ба матбаа — назди устои рӯзномачопкун — Абдураҳмонака бурдам.

Соат аз 10‑и шаб гузашта буд. То шумораи нахустинро ба даст гирифтам ва барои чоп имзо гузоштам, боз як соат вақт гузашт.

Ноилоҷ аз маҳаллаи Хоҷа Аҳрор пиёда ба хона омадам ва аз кори худ қаноатманд будам.

Пагоҳӣ боз ба кор омадам. Фурсате нагузашта котиба рӯзномаи навро тақсим карда баромад. Ҳамкорон онро гирифта, ба мутолиа шурӯъ карданд. Шумора босифат чоп шуда буд. Аз ходимони рӯзнома касе пай набурд, ки дар саҳифаи 3 иштибоҳе гузаштааст. Онро худам «кашф» карда, ба рафиқони наздам гуфтам:

— Сарлавҳаи ду хабар бо якдигар иваз шудаанд. Наход аз ходимон касе инро пай набурд?

Дере нагузашта ин «хушхабар» паҳн шуд ва ходимон аз нав рӯзномаро ба даст гирифта, ба мутолиа даромаданд.

Худи ман ҳам «Кори шабу хандаи рӯз» гуфта, завқ карда хандидам.

Маълум шуд, ки шабона аз саросемагӣ ва шитобкорӣ ҷои сарлавҳаҳоро иваз кардаам.

Дар ҷамъомади навбатӣ муҳаррири рӯзнома Нор Остонзода барои роҳ додан ба ин иштибоҳ ба камина «огоҳинома» эълон карданд.

Баъд аз ҷамъомад муаллим маро нигоҳ доштанд.

— Мирсафо, ман ба шумо «выговор» эълон карданӣ набудам. Он бо айби худи шумо шуд. Чунки камбудии худро худ ошкор кардед. Дар оянда ҳушёр шавед, — гуфтанд бо табассум.

— Муаллим, ман аз шумо хафа нестам. Дар оянда ба шитобкорӣ роҳ намедиҳам, — гуфтам ва бо кайфияти болида аз хонаи муҳаррир баромадам.

Мирсафо КАМОЛӢ, деҳаи Чунгули ноҳияи Самарқанд