Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев аз бинои Садорати рушди байторӣ ва чорводории вилоят дидан кард.
Гуфта шуд, ки барои коргароне, ки дар ташкилот кор мекунанд, шароити мусоид фароҳам овардан зарур аст.
Садорат оид ба рушди тамоми соҳаҳои байторӣ ва чорводорӣ, аз қабили говпарварӣ, гӯсфандпарварӣ, паррандапарварӣ, инчунин барои таъмини устувории эпизоотикӣ сари вақт ошкор, ташхис ва пешгирӣ намудани паҳншавии бемориҳои сироятии ҳайвонот корҳои профилактикиро ба роҳ мондааст.
Роҳбари вилоят оид ба беҳбуди заминаи моддию техникии ташкилот, фароҳам овардани шароити муносиб барои кормандон ва баланд бардоштани фоидаи меҳнат пешниҳодҳои худро дод.
Худи ҳамон рӯз роҳбари вилоят бо фаъолияти муассисаи давлатии «Самарқанд сув қурилиш инвест» шинос шуд. Доир ба ободонии ҳудуди ташкилот, истифодаи самараноки ҷойҳои холӣ ба масъулон супоришҳои дахлдор дод.
