Ovozi.uz

Попи Рим вафот кард

Попи Рим — Франсис 88-сола буд. Ӯ қариб як моҳ пеш, 23-юми март, пас аз муолиҷаи илтиҳоби пневмония аз бемористон ҷавоб дода буданд.

Рӯзи якшанбе, як рӯз пеш аз маргаш, Франсис аз балкони калисои Петруси Ватикан католикҳоро бо иди Пасха табрик гуфт.

Франсис (он вақт Хорхе Марио Берголио ном бурда мешуд) дар моҳи марти соли 2013 попи Рим интихоб шуда, аввалин попи дунёи нав (зодаи Аргентина) ва нахустин попи берун аз Аврупо дар беш аз 1200 сол шуд.