Ovozi.uz

Армияи Покистон ба ҳолати ҷанговар оварда шуд

Вазорати мудофиаи Покистон омодагии худро ба ҷанг бо Ҳиндустон эълон кард. Дар ин бора дар саҳифаи «Х»-и Вазорати мудофиаи Покистон хабар дода шудааст.

Давлат дар муроҷиати худ таҳдид кардааст, ки яке аз минтақаҳои Ҳиндустонро несту нобуд мекунад. Вазорат инчунин видеои партоби мушакро дар веб-сайти худ нашр кардааст.

Вазъияти ҷиддӣ миёни ин ду кишвар рӯзи 22-юми апрел, замоне оғоз шуд, ки гурӯҳи террористон дар Ҷамму ва Кашмир ба сокинони осоишта ва сайёҳон ҳамла карданд. Аз 27 нафаре, ки дар ҳамлаи террористӣ ҳалок шуданд, 25 нафарашон шаҳрвандони Ҳиндустон буданд.

Пас аз ин вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон аз шаҳрвандони Покистон хост, ки кишварро тарк кунанд, ин кишварро ба дастгирии террористҳо муттаҳам кард ва чораҳои шадид андешид.