Ҳангоми кофтуковҳои зериобӣ бо истифода аз роботҳо дар соҳили ноҳияи Каши Анталия як амфораи даҳонбастаи 1100-сола (кӯзаи бостонӣ) дар даруни киштии ғарқшуда пайдо гардид.
Дар рафти кофтуков ба гурӯҳи мутахассисон муяссар шуд, ки амфораи даҳонаш бастаро аз чуқурии тақрибан 45—50 метр бароваранд. Пеш аз ба замин овардан, амфора аз марҳилаҳои муайян гузашт ва ба лабораторияи археологии зериобии Донишгоҳи Акденизи Кемер бурда ва дар он ҷо аввал бо истифода аз микроскоп ва айнакҳои махсус тафтиш карда шуд. Коршиносон намунаҳои маҳсулотро дар дохили амфора гирифта, ба таҳлили онҳо шурӯъ карданд, то муайян кунанд, ки онҳо чӣ гунаанд.
Сардори гурӯҳи кофтуковӣ Ҳакан Ӯниз ба хабарнигори хабаргузории Анадолу дар бораи бозёфт маълумот додааст. Ба гуфтаи ӯ, як киштии тиҷоратӣ, ки 1100 сол пеш аз навори Ғаззаи Фаластин ба роҳ баромада буд, бо эҳтимоли зиёд бар асари тӯфон дар соҳили баҳри Миёназамин ғарқ шудааст. Дар он вақт муҳимтарин маҳсулоти содиротии Ғазза равғани зайтун ва шароб буд.
Реставратор Рабиа Нур Акюз, ки тавонист сарпӯши амфораро аз намак тоза карда, онро боз кунад, тавзеҳ дод, ки онҳо бодиққат кор кардаанд, то сатҳи амфора ҳамеша намнок бошад ва хушк нашавад.
