Аз 1‑уми январ то 1‑уми майи соли 2025 аз сокинони вилояти Самарқанд ба қабулхонаи виртуалӣ ва халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 31 ҳазору 757-то муроҷиат ворид гардида, аз онҳо 8 ҳазору 536-тоаш (31,7 дарсад) ҳалли мусбат ёфт.
Аз ин шумор аз ҳама пасттарин сатҳи мусбат ба ноҳияҳои Каттақӯрғон (24,5 дарсад), Самарқанд (26,3 дарсад), Нуробод (28 дарсад), Булунғур (30,5 дарсад), шаҳрҳои Самарқанд (26,9 дарсад) ва Каттақӯрғон (30,2 дарсад) рост меояд.
Аз сабаби дар маҳалҳо ҳал нашудани муаммоҳо дар соли ҷорӣ 192 нафар шаҳрвандони вилояти Самарқанд ба шаҳри Тошканд рафта, аз рӯи 321 масъала ба қабули халқи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муроҷиат намудаанд.
Аксари шаҳрвандон аз шаҳри Самарқанд (60) ва ноҳияҳои Пастдарғам (34), Ургут (25), Иштихон (24), Каттақӯрғон (24), Булунғур (23) ва Пахтачӣ (22 нафар) будаанд.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта теъдоди аз вилоят ба Тошканд рафтаҳо аз ноҳияҳои Булунғур (8), Ҷомбой (8), Оқдарё (2) ва Пайариқ (2 нафар) зиёд шудааст.
Дар муроҷиатҳо аз ҳама бештар масъалаҳои вобаста ба кори иҷро, масъалаҳои рӯёнидани алимент ва ситонидани қарз (3648‑то), масъалаҳои таъминоти иҷтимоӣ (3338‑то), масъалаҳои фаъолият ва амали кормандон (2939‑то), хабарҳо дар бораи қонуншиканиҳо ва муаммоҳои ҳалли онҳо (2581‑то), таъмини газ (1775‑то), таъмини нерӯи барқ (1263‑то), кумаки моддӣ ва сарпарастӣ (1203‑то), кредити бонкӣ ва амалиётҳои кредитӣ (954‑то), табобат ва хидмати тиббӣ (749‑то), шуғл (671) ва таъмини манзилу ҷой (609‑то) бардошта шудаанд.
Дараҷаи кори мақсаднок бо шаҳрвандоне, ки бисёр муроҷиат мекунанд, ҳамон паст меистад.
Аз ҷумла, дар давраи омӯхташуда ҳамагӣ 1853 нафар шаҳрвандон аз 3 то 10 маротиба, 84 нафар аз 10 то 25 маротиба ва 19 нафар аз 25 маротиба ва бештар аз он муроҷиат кардаанд.
Аз рӯи муроҷиатҳои такрорӣ — 4455 муроҷиати такрорӣ тавассути қабулхонаҳои виртуалӣ ва халқӣ ворид шудааст (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2013‑то, яъне 31 дарсад кам шудааст).
Натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якум, инчунин, таҳлилҳои пешниҳод ва муроҷиатҳо нишон медиҳанд, ки роҳбарони идораҳои ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳо, роҳбарони секторҳо бояд бо муроҷиатҳои шаҳрвандон бештар кор кунанд, бо онҳо бевосита бо ташкили қабулҳои сайёр мулоқот намоянд ва ҳалли саривақтии муаммо ва норасоиҳоро ёбанд. Роҳбарони ҳамаи зинаҳо набояд фаромӯш кунанд, ки ислоҳот ва тағйиротҳо дар мамлакати мо ба манфиатҳои халқ нигаронида шудаанд ва ба халқ хизмат кардани идораҳои давлатӣ ба қоидаи қатъӣ ва меъёри асосӣ табдил ёфтааст.
Маматҷон ТУРДИЕВ,
мудири Қабулхонаи халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд
