Бо мақсади шиносоӣ бо кори таъминоти барқ ва тайёрӣ ба зимистон филиали Ҷамъияти саҳҳомии «Ҳудудиӣ электр тармоқлари» дар Самарқанд барои журналистону блогерон ба ноҳияи Ургут пресс-тур ташкил кард. Дар ин ҷо ду идораи таъминоти барқ — «Ургут» ва «Деҳқонобод» ба корхонаву ташкилот ва аҳолии ноҳия хизмат мерасонанд.
Аз рӯи маълумоти роҳбари ин идора Ойбек Холиқов аён гардид, ки шумораи умумии истеъмолкунандагони нерӯи электрикии корхонаи таъминоти барқи «Ургут» 74641 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 70751 нафар сокинони шаҳру маҳаллаҳо ва 3890 нафар истеъмолкунандагони ҳуқуқӣ мебошанд. Дар ҳудуди хизматрасонии ин идора ҷамъ 67972 адад (65242 адад барои сокинон ва 2730 адад барои истеъмолкунандагони ҳуқуқӣ) ҳисобкунакҳои барқии АСКУЕ насб карда шудааст.
Мувофиқи нақшаи давраи тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола таъмири пурра ва ҷории 80 пункти трансформаторӣ ва 158,7 километр хатти интиқоли барқ пешбинӣ шудааст. То имрӯз корҳои таъмирӣ дар 29 пункти трансформаторӣ ва 53,7 километр шабакаҳои интиқоли барқ ба анҷом расидаанд.
Дар маҳаллаи «Мӯъминобод»-и ноҳияи Ургут дар доираи барномаи роҳандозии меъёри «Хонаи обод — кӯчаи обод — маҳаллаи обод» дар маҳаллаи «Мӯъминобод‑1» 2 пункти трансформатории 100/10 кВА ва 156 сутуни оҳану бетонӣ насб карданд. Ба масофаи 4 километр хатти интиқоли барқ кашида шуд.
Мо дар ин ҷо шоҳиди муроҷиати ду нафар зан низ шудем. Ҳисобкунакҳои барқии онҳо сӯхта будааст. Якҷоя барои ҳалли муаммоҳои онҳо ба назди масъулон даромадем. Онҳо ба корафтодагон фаҳмонданд, ки мувофиқи қарори рақами 319 Девони Вазирони Ӯзбекистон, агар бори якум чунин ҳодиса рӯй дода бошад, аз ҳисоби давлат ҳисобкунаки нави барқӣ насб карда мешавад.
Умуман, мувофиқи гуфтаи нозири интизоми иҷро Шаҳзод Пардаев аз аввали сол то ҳол ба идора 23 муроҷиат шуда ва 18‑тои он ба таври мусбӣ ҳал гардидааст.
Дар маҳаллаи Кулолилик мо бо кори таъмири кормандон шинос шудем. Дар ин ҷо бо роҳбарии устои қитъа Усмон Шукуров электромонтёрҳо Лочин Муродуллоев, Ҳаёт Шавриқов, Аҳтам Ҳамроқулов ба таъмири трансформатори 400 кВА (ТР‑337) машғул буданд. Баъди таъмири хушсифати ин пункти трансформаторӣ таъминоти барқӣ 85 хонаводаи маҳалла беҳтар мегардад.
— Минбаъд ба Ургут қатораҳо ҳам меоянд. Ҳоло хатти роҳи оҳан кашида мешавад. Ин боз корҳои шуморо душвортар намегардонанд? — пурсидем мо.
— Чандон не, — дар ҷавоб гуфт Ойбек Холиқов. — Он масофаи 22 километрро ташкил мекунад. Мо симҳои ҳавоие, ки ба кори сохтмон халал мерасонанд, ба ҷои дигар мекӯчонем. Як қисми интиқоли барқ зеризаминӣ мешавад.
Истеъмолкунандагони қувваи барқи «Деҳқонобод» аз тариқи 4 нимстансияҳои 110/35/10 кВА ва 35/10 кВА бо нерӯи барқ таъмин мешаванд.
Шумораи умумии истеъмолчиёни нерӯи барқи идораи таъминоти электрии «Деҳқонобод» 32370 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумор 30 908 нафар сокинон ва 1 462 нафар истеъмолкунандагони ҳуқуқӣ мебошанд. Дар ҳудуди хизматрасонии ин идора ҷамъ 31 995 адад ҳисобкунакҳои барқии АСКУЕ насб карда шудааст.
Соли 2024 дар саросари ноҳия дар асоси барномаву қарорҳои гуногун ва дастгирии шаҳрвандони ташаббускор 23 трансформатор, 1150 сутуни бетонӣ насб ва 28 км. хатти барқи ҳавоии 0,4–6–10 киловолтӣ кашида шудаанд. Ин гуна корҳо дар маҳаллаҳои Амонқӯтан ва Қаробулоқ низ иҷро гардидаанд.
— Дар тобеияти идораи таъминоти барқи «Деҳқонобод» нимстансияҳои «Зиё», «Ҳақиқат», «Наврӯз» ва «Сариқтеппа» ҷойгиранд, — гуфт сарвари идора Саидалӣ Мавлонов. — Аз ин нимстансияҳо ба 814 пункти трансформаторӣ нерӯи барқ интиқол дода мешавад. 206 адади онҳо ба шахсони ҳуқуқӣ тааллуқ доранд. То имрӯз 12 адад пункти тарансформаторӣ ва 450 адад сутунҳои оҳану бетонӣ насб карда шуданд. Дар натиҷа, таъминоти барқи қариб 9 ҳазор нафар истеъмолчиён беҳтар гардид. То охири сол боз 49 адад трансформатор ва 124 километр хатти интиқоли барқ аз таъмири ҷорӣ ва асосӣ бароварда мешаванд. Бо ин роҳ таъмини расондани бефосила ва хушсифати барқи қариб 30 ҳазор нафар аҳолӣ ба нақша гирифта шудааст.
М.ҶУМЪАЗОДА
Натиҷаи таъмир дар зимистон маълум мешавад
