Касби омӯзгори яке аз касбҳои пурмашаққат ва дар баробари ҳамин пуршараф ба ҳисоб меравад, ки ба ивази ранҷу машаққатҳои омӯзгорӣ нисбат ба соҳиби ин касб дар дили ҳазорон нафар меҳр пайдо мешавад, одамон ӯро дӯст медоранд ва иззату эҳтиром мекунанд.
Яке аз чунин муаллимаҳое, ки зиёда аз 35 соли умри худро сарфи соҳаи таълим намуда, аз паи ин касб сазовори ҳурмату эъзози мардум гардидааст — Гулбаҳор Ҷавдатова мебошад.
Г.Ҷавдатова 18‑уми майи соли 1970 дар маҳаллаи Боғи Баланди ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст. Таълими ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, сипас барои фаро гирифтани таълими олӣ ба Донишкадаи педагогикаи ба номи Садриддин Айнии Самарқанд ҳуҷҷат супурд ва соли 1994 онро хатм намуд.
Нахуст фаъолияти кориашро дар фабрикаҳои нассоҷӣ ва қаннодӣ оғоз намуда, солҳои 1989–1991 ба ҳайси котибаи мактаби рақами 10‑и ноҳияи Самарқанд, ки ҳоло мактаби рақами 62‑и шаҳри Самарқанд аст, солҳои 1991–1996 сарвари бачаҳо ва солҳои 1996–2005 омӯзгори мактаби мазкур шуда, фаъолият пеш бурд.
Аз соли 2005 то имрӯз дар вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои маънавӣ-маърифатии ин мактаб адои вазифа менамояд.
Ба касби омӯзорӣ дилбастагии Г.Ҷавдатова беҳуда нест, зеро ӯ дар оилаи зиёиён таваллуд шудааст. Падараш Мавлон Ҷавдатов омӯзгори фани таърих, модараш Севара Худойбердиева омӯзгори таълими ибтидоӣ буд.
Муҳити маънавии оила, албатта, ба Г.Ҷавдатова бетаъсир намондааст. Ӯ дарси таълимро нахуст аз волидони худ гирифта, аз рафтору кирдори муаддабонаи онҳо ба ҳавас омада, дар оянда мисли онҳо шуданро орзу мекард.
Ғайр аз падару модараш, дар ҳаёти маънавии ӯ шахси дигаре ҳам мақоми алоҳида дошт, ки қобили зикр аст. Г.Ҷавдатова ҳар рӯз баъди аз дарсҳои донишкада фориғ шудан, ба хонаи амакаш Убайдуллоҳ Раҳмонов (равонашон шод!), ки аз омӯзгорони пешсафу соҳибтаҷриба буданд, рафта, асрори донишандӯзиву омӯзгориро меомӯхт, аз донишу таҷрибаи ӯ баҳраманд мешуд. Гоҳо онҳо то нисфи шаб оиди масъалае, муаммое бо ҳамдигар маслиҳат карда, ҷавоби онро меҷустанд.
Муаллима устод Убайдуллоҳ Раҳмоновро беҳтарин ва наздиктарин устоди худ медонист, панду насиҳат ва маслиҳатҳои ӯро падарвор мешумурд ва ба ҷону дил қабул мекард.
Г. Ҷавдатова на танҳо дар миқёси маҳаллаи Боғи Баланд, балки дар миқёси шаҳр ҳам соҳиби обрӯву эътибор мебошад. Ӯ дипломатияи ба худ хос дорад. Яъне бо донишомӯзон чӣ тавр бояд кор бурд, онҳоро чӣ гуна бояд тарбия кард ва аз роҳи бад баргардонд, медонад. Роҷеъ ба ҳамаи инҳо методҳои худро дорад ва ӯ на танҳо ҳамчун педагог, балки ҳамчун тарбиятгар, равоншинос ва гоҳо ҳамчун модар ба донишомӯзон муомила мекунад.
Имрӯзҳо Г.Ҷавдатова низ ба мисли устодони худ устод шудаасту садҳо шогирдонро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунад. Аксарияти омӯзгорони мактаб ӯро ҳамчун устод эътироф ва пайравӣ мекунанд. Рафтору гуфтору кирдор ва садоқат ба касби Г.Ҷавдатова барои онҳо намунаи ибрат аст. Ин аз он далолат медиҳад, ки муаллима дар роҳи дуруст аст ва ҳикмати зиндагиро амиқ дарк намудааст.
Мо аз номи ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 62-и шаҳри Самарқанд ва аҳли маҳаллаи Боғи Баланд муаллимаро бо ҷашни 55‑солагиашон табрик гуфта, ба ӯ дар ҷодаи таълиму тарбия қуввату ғайрат ва муваффақияту комёбиҳо, дар ҳаёти шахсиаш бошад, шодиву бахту осоиштагиро таманно менамоем.
Худо ҳамеша ҳавои туро ба сар гирад,
Ҳамеша мурғи саодат туро хабар гирад…
Дилшода ҲАМРОҚУЛОВА,
муаллимаи тоифаи якуми мактаби таълими умумии рақами 62-и шаҳри Самарқанд
