Ovozi.uz

Зеҳни сунъӣ ва ҳуқуқҳои инсон

Имрӯз ҷомеа бо ду муаммои асосӣ рӯбарӯ аст: рушди робототехника ва зеҳни сунъӣ, ки бениҳоят суръат мегирад ва дар ин самт танзими ҳуқуқӣ ба таври равшан ба назар намерасад. Чунки, дар ин марҳилаи инкишофи зеҳни сунъӣ, гарчанде ки қонуну қоидаҳои муайян мавҷуданд, ҳанӯз озодии зиёди амал, имкониятҳои зиёди фоидаовар ва доираи васеи гурехтан аз масъулият мавҷуд аст, ки ин метавонад дар оянда ба оқибатҳои ногузири манфӣ оварда расонад.

Бо назардошти он, ки одамон барои истифодаи навъҳои гуногуни гаҷет чӣ қадар вақт сарф мекунанд, ҷаҳон аллакай ба ғуломи технология табдил ёфтааст, аммо имрӯз баъзе олимон аз хатари инқилоби ҷиддӣ ҳушдор медиҳанд. Бо рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ як қатор саволҳо дар бораи ҳуқуқи инсон ба миён меоянд. Ин технологияҳо баробари нақши муҳим дар ташаккули ояндаи башарият хатарҳо низ доранд.

Ҳангоми эҷоди зеҳни сунъӣ, агар маҷмӯи маълумот ё алгоритмҳоро бо нияти бад сохта бошанд, он метавонад натиҷаҳои дискриминатсионӣ ба бор орад. Масалан, агар сохтори зеҳни сунъӣ танҳо миллатҳо ё ҷинсҳои муайянро афзалтар нишон диҳад, ин вайрон намудани ҳуқуқи инсон хоҳад буд. Чунин ҳолатҳо хилофи принсипҳои адолат ва баробарӣ дар ҷомеа буда, озодии шахсро зери хатар мегузорад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки ҳар як системаи зеҳни сунъӣ риояи ҳуқуқҳои инсонро таъмин кунад. Гарчанде ки потенсиали зеҳни сунъӣ барои хидмат ба инсоният раднопазир аст, он метавонад ба таври назаррас поймол намудани ҳуқуқи инсонро шадидтар кунад. Баҳо додан ба таъсири зеҳни сунъӣ ба ҳуқуқҳои бунёдии инсон ниҳоят душвор аст, зеро инноватсия аз ҷараёни қонунгузорӣ пеш меравад.

Баъзан мо метавонем бубинем, ки доираи зеҳни сунъӣ он қадар васеъ шудааст, ки он метавонад ба таври ғайримустақим тамоми дахолатнопазирии инсонро, хоҳ он сирри шахсӣ ё навиштаҳои телефонӣ бошад, тавассути ботҳо вайрон кунад. Дар ин маврид мо як чизро фаромӯш карда истодаем: пеш аз ҳама инсон, ҳаёт, озодӣ ва шаъну шарафи ӯ арзишҳои асосӣ ба шумор мераванд. Зеро дар моддаи 27‑уми Конститутсияи мо «Ҳар кас ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳуқуқ дорад» эътироф гардида, дар моддаи 31 низ қайд карда шудааст, ки «Ҳар як инсон ҳуқуқ дорад соҳиби дахолатнопазирии ҳаёти шахсӣ, асрори шахсиву оилавӣ бошад, инчунин шаън ва қадру қимати худро ҳимоя намояд».

Муҳим аст, ки сатҳи мустақилияти зеҳни сунъиро одамон бодиққат назорат кунанд, зеро ин воситаҳои техникӣ бояд барои мустаҳкам намудани тағйироти мусбати иҷтимоӣ ва кумак ба одамон истифода шаванд. Албатта, аз бартариҳои ошкори зеҳни сунъӣ сарфи назар кардан оқилона нест. Ҳамин тавр, мо бояд принсипҳоеро эҷод кунем, ки истифодаи зеҳни сунъиро роҳнамоӣ кунанд, то ҷомеа ин фоидаҳоро бехатар ба даст орад.

Х.МАРДОНҚУЛОВ, донишҷӯ