Ovozi.uz

Ҳар як навиштаи нависанда барои манфиати одамон бошад…

Тошқул Азимзода яке аз рӯзноманигорони ботаҷриба, адиби варзидаи Самарқанд, узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» мебошад. Вай то ҳол як маҷмӯаи ҳикояҳояшро таҳти унвони «Хатои нисбӣ» пешкаши ҳаводорони адабиёти бадеӣ гардонида, китоби дуввумаш «Ҳикмати дидор» ба қарибӣ рӯи чопро мебинад. Азимзода ҳар сол рӯзи 28-уми май зодрӯзи худро ҷашн мегирад ва мо ба ин муносибат бо муаллим як сӯҳбати самимона ташкил намудем.

– Муаллим, даставвал дар бораи даврони бачагӣ ва чӣ гуна пайдо шудани шавқу завқ ба китобхонӣ ҳарф мезадед…

– Ман ҳамчун бачаҳои дигари ҳамсинну соли деҳаамон соли 1957 ба синфи якум қабул шудам. Ҳарфҳоро бо шавқ меомӯхтам. Он вақт воситаҳои ахбор кам буд. Танҳо радио, телевизорҳо ҳам ба ҳама хонадонҳо нарасида буд. Барои ҳамин мактаб ба мо ҳамчун як олами нав ба назар мерасид. Чун ҳама бачаҳо мехондем, шӯхӣ мекардем… Ҳангоми таътили тобистон, ки синфи дуро хатм намуда будам, як воқеа рух дод. Дар назди ҳавлиамон киштзорҳои колхоз — токзор буду дар мобайни он шийпанг ҷойгир шуда буд. Он ҷо як пирамард посбонӣ мекард. Як рӯз мардеро дидам, ки ба он ҷо бо хурҷине даромаду онро гузошта рафт. Ман аз ҳавлиамон ба он нигоҳ мекардам. Пас аз рафтани ӯ бо кунҷковии кӯдакона рафта хурҷинро дидам, ки дарунаш бо рӯзномаву маҷаллаҳо пур будааст. Онҳоро гирифта, суратҳояшро тамошо кардам, зерхатҳояшро бо душворӣ хондам. Пас аз дида баромадани ҳамаи онҳо, хурҷинро ба ҷояш гузошта ба хона баргаштам. Ин ҷараён минбаъд зуд-зуд такрор мешуд ва завқи ман ба китобу рӯзномахонӣ меафзуд. Хулоса, нахустин китобхонаи доимии ман ҳамон шийпанги деҳаамон шуда буд.

Дар соли нави хониш дар мактаб роҳбари синфамон Ҳамида Ҷалолова ҳамаро пешвоз гирифта, аз мо пурсида буданд, ки дар таътил кӣ чиро хонд? Ман хондаҳоямро ба устодам гуфта, таърифҳо шунидам. Ин маро бисёр рӯҳбаланд карда буд. Фикр мекунам, ки шавқи ман ба хондану эҷод аз он давр пайдо шуда бошад.

– Оё навиштани ҳикояҳо ҳам аз ҳамон давр оғоз ёфтааст?

– Нахуст ман шеър менавистам. Як дафтарро бо шеърҳои навмашқонаам бахшида ба идҳо, воқеаву ҳодисаҳо пур карда будам. Рӯзе ба яке аз муаллимаҳоям онҳоро нишон додам. Муаллима шеърҳоро аз назар гузаронида, бепарвоёна «Хуб, нағз-нағз, навиштанро идома диҳед» — гуфтанд. Аммо дар бораи ҳусну қубҳаш ҳарф назаданд. Пас аз он ман дигар шеърнависиро идома надодам. Агар ҳамон вақт маро дастгирӣ карда, ба ягон маҳфил тавсия менамуданд, шояд то имрӯз шеърҳои хуб эҷод мекардам. (Механдад!)

Ҳамин тавр мактабро бо баҳоҳои аъло хатм намудам. Ба факултети механика-математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуда, сипас ба хизмати ҳарбии дусола рафтам. Баъд аз он дар мактабҳо кор кардам. Он вақтҳо аз мағозаи китобфурӯшии «Тоҷиккитоб» китобҳои бисёр харида, ҳамаи онҳоро сар то охир мутоила мекардам. Аз ҷумла, китобҳои Азиз Несин, Фазлиддин Муҳаммадиев хеле хушам меомад. Дар ин даврон таҳти таъсири онҳо ба ман ҳисси ҳикоянависӣ пайдо шуд. Рӯзе дар кӯча нависанда Болта Ортиқовро дида, баъди ҳолпурсӣ ба устод гуфтам, ки ҳикоя навиштанро машқ мекунам. Б.Ортиқов маро ба маҳфили адабии воқеъ дар Хона-музейи Садриддин Айнӣ даъват намуданд. Ба маҳфил як бор рафта, сипас ба он ҷо ҳар якшанбе иштирок мекарда шудам. Ҳикояҳоямро мехондам. Дар он маҳфил бо Акбар ака Пирӯзӣ, Абдукарим Ғанизода, Рауф Маъруфӣ ва дигар иштирокдорон шинос шудам.

Дар ин ҷо як воқеа рух дода буд, ки маро дар ҳикоянависӣ сабақи якумра дод. Ҳар рӯзи якшанбе навқаламон дар маҳфил ҷамъ мешуданду ман ҳам ҳамроҳи онҳо мешудам. Он вақтҳо ҳама чӣ навишта бошанд, аз сар то охир ба эҷодкорони бузургсол мехонданд. Ман низ чунин мекардам. Пас аз шунидан, яке аз онҳо фикри худро, дигаре боз фикри дигарро мегуфтанд. Ман ҳамаашро ба дафтарам қайд мекардам. Ҳафтаи оянда хатоҳоямро ислоҳ намуда, боз ба маҳфил мерафтам. Доварон пас аз шунидани ҳикоя, ҳангоми гуфтани фикрҳояшон, дар бисёр ҳолатҳо варианти аввалини маро такрор мекарданду мегуфтанд, ки «ин хел бошад беҳтар аст». Он вақт фаҳмида будам: маҳсули қалами эҷодкорро ҳама ҳар хел қабул мекардааст. Аз ин рӯ, эҷодкор бояд танҳо чизи табъи дили худро нависад, қалбан дуруст будани навиштаашро ҳис намояд, хуб аст. Аммо, албатта бояд масъулияти нависандагиро аз ёд набароварад. Чун барои навиштаҳояш ҷавобгарӣ дар гардани ӯст.

– Танқидро чӣ тавр қабул мекунед? Аз рӯи нуқтаи назари шумо танқид бояд чӣ гуна бошад?

– Нахустин ҳикояам пас аз се моҳи иштирок дар ин маҳфил бо пешгуфтори устод Болта Ортиқов дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик»-и имрӯза) рӯи чопро дид. Пас аз он ҳикояҳоямро ба рӯзномаҳо мефиристода шудам. Дар бисёр рӯзномаву маҷаллаҳои кишвару берун аз он ҳикояҳоям чоп мешуд, аммо дар баробари онҳо аз баъзе таҳририятҳо хабаре бо мазмуни «Ҳикояатон ба талаботи мо ҷавоб намедиҳад!» меомад. Ман аз ин кори таҳририятҳо розӣ набудам. Ба навқалам вақте, ки навиштаи ӯро рад менамоянд, бояд ҳатман аз рӯи адолат камбудиҳояшро номбар кунанд. Ин ҳам ба ман дарси ибрат шуда буд, ки ҳоло баъди мутоилаи ҳар як навиштаи хоҳ он навқалам бошад, хоҳ нависандаи касбӣ фикрҳои худро мегӯям. Ба эҷодкорони ҷавон баробари номбар намудани камбудиҳо дастовардҳояшро низ гуфтан даркор аст.

– Барои офаридани қаҳрамонҳои ҳикояҳоятон аз чӣ илҳом мегиред?

– Вақте, ки ман сюжет ё персонажеро меофарам, ба як гуфтаи Б.Ортиқов амал мекунам. Ин «Аз халқ гирифтаву ба халқ пешкаш намудан» мебошад. «Вазифаи нависанда ин аст!» мегуфтанд. Инчунин, устод ба ман ду дафтарчаи хурдро ҳамроҳам гирифта гаштанро тавсия карда буданд. Барои чӣ зарур будани инро вақти ҷавониям намефаҳмидам, аммо ҳоло медонам, ки ин дафтарҳо барои қайд намудани ҳарфу ҳолати мардум ҳангоми дидану шуниданҳо даркор будааст. Он ҳолатҳоро агар дар вақти худ қайд нанамоед, пас аз чанде бо он кайфият ҳеч гоҳ навишта наметавонед. Бо ин маслиҳати устод баъзе ҳикояҳоро аз даҳони халқ шунидаву навиштаам. Яке аз онҳо ҳаҷияи «Ҳазми таом» мебошад. Ғайр аз ин, дар дигар ҳикояҳо низ баъд аз чандин муддати назорату мушоҳида, як қаҳрамоне меофаридам, ки дар даҳҳо одам гувоҳи характеру гуфтаҳояш шудаам. Бисёре аз дӯстону наздикон, пас аз хондани ҳикояҳо дар ҳаёти воқеъӣ кӣ будани он қаҳрамонро мепурсиданд. Чуноне, ки гуфтам, ман дар ҳикояҳоям як касро ҳеч гоҳ тасвир накардаам. Ман фикр мекунам, ки дарди як нафар — дард не, дарди ҷомеа — дарди ҳамаи мо мебошад.

– Барои эҷодкор чӣ гуна шароит даркор?

– Аксарияти ҳикояҳоямро вақти дар мактаб кор карданам навиштаам. Дар таътили тобистона. Барои як чиз навиштанам муҳити тамоман озодро мехоҳам. Агар дар сарам андаке фикри дигар бошад, чизе навишта наметавонам. Аз ин рӯ ман ҳар пагоҳӣ барвақт аз хоб хеста, як чиз менависам. Дигар вақтҳо, ҳатто шабҳо ҳам эҷод кардан барои ман душвор аст. Дар оянда навиштани чанд ҳикояву қиссаҳоро нақша кардаам. Сиёҳнависҳояш ҳаст.

Дар асл барои пурра навиштани як ҳикоя моҳҳо сиёҳнависҳоро дигар карда, такрор ба такрор менависам. Баъзе навиштаҳоям бошад тӯли муддати кӯтоҳ ба охир расидааст. Ба ҳар ҳол нависанда бояд чизе нависад, ки хонанда аз вай манфиат гирад, хулоса барорад ва ҳамин хел нависад, ки навиштаҳояш аз санҷиши давр гузарад.

– Андаке дар бораи рӯзноманигориятон ҳам ҳарф мезадед…

– Рӯзноманигории ман аз даври мактабхонӣ оғоз ёфтааст, гӯям хато намешавад. Ман дар мактаб сардори синф будам ва ҳамеша бо сардори синфи ҳампаҳлу (параллел) дар дониш ҳам, дар китобхонӣ ҳам баҳси пинҳонӣ доштем. Яъне, ман аз вай донотару пештар шуданро хоҳам, ӯ аз ман пеш гузаштанро мехост. Писари бисёр доно буд. Як рӯз дар мактаб хабаре паҳн шуд, ки дар рӯзномае мақолаи «рақибам» баромадааст. Он вақт дар дили ман ҳам ҳавас пайдо шуд, ки мақолаамро чоп кунам. Аз ҳама аҷибаш, баъди хатми мактаб ба факултети журналистика дохил шуданро мехостам, аммо бо сабабҳои гуногун ин орзуям амалӣ нагардид. Ғайр аз ин, дар Самарқанд чунин факултет набуд.

Гарчанде, ки соҳаи математикаро хатм кардаам, соли 1991 бо тақозои тақдир, барои кор ба рӯзномаи навтаъсиси «Овози Самарқанд» фаъолияти худро оғоз намудам  ва то ҳол барои дар ин ҷо кор карданам хеле шодам! Вақти рӯзноманигор шуданро орзу карданам як бачаи мактабхон будам. Дар соҳаи журналистика нахондам, аммо баъди 23 сол ин орзуям амалӣ гардид ва боварӣ ҳосил кардам, ки инсон чизеро аз таҳти дил хоҳад, он албатта ҷомаи амал мепӯшад.

Тӯли фаъолиятам дар таҳририяти “Овози Самарқанд” бо рӯзноманигорону эҷодкорони маъруфи вилоятамон Нор Остонзода, Акбар Пирӯзӣ, Ҳазрат Сабоҳӣ, Адаш Истад, Ғафурҷон Маҳмудов ва дигарон кор кардам. Ба рӯзҳои хубу душвори рӯзномаю рӯзноманигорӣ гувоҳ шудам. Аз ҳама муҳимаш фаҳмидам, ки ин касб хеле пуршараф аст!

– Таманнои шумо барои муштариён!

– Рӯзнома, ки бо ин гуна захмату машаққат аз нашр мебарояд, аз муштариён танҳо хондани онро таманно дорам. Ҷавонҳое, ки мисли ман журналист шуданро орзу кардаанд ба таҳририятҳо биёянду чунон мақолаҳо нависанд, ки муштариён онҳоро ҷустуҷӯ карда, ёфта, хонанд. Аз ҳама муҳиммаш сиҳат-саломат бошанд!

– Ташаккур барои сӯҳбати самимона!

Мусоҳиб Шаҳзод КЕНҶАЕВ