Ovozi.uz

Ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Италия вусъат меёбанд

28–29‑уми май бо таклифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сафари расмии Сарвазири Италия Ҷорҷа Мелонӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат мегирад.
Саммити Ӯзбекистон-Италия мувофиқи созишҳое, ки зимни сафари расмии роҳбари кишварамон ба Италия дар рӯзҳои 7–9‑уми июни соли 2023 ба даст оварда шуданд, гузаронида хоҳад шуд.
Дар музокираҳои дараҷаи олӣ, ки дар шаҳри Самарқанд баргузор мешаванд, масъалаҳои боз ҳам таҳким бахшидани муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Италия ва тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷониба баррасӣ мегарданд.
Пеш гузоштани лоиҳаҳои ҳамкориҳои инноватсионӣ ва мубодилаи башардӯстона дар маркази диққат хоҳад шуд.
Дар охир, ба имзо расонидани маҷмӯи созишномаҳои дуҷониба дар назар аст.
Ин сафар марҳилаи муҳими таърихи муносибатҳои Ӯзбекистон ва Италия мешавад, ки аз соли 1992 оғоз ёфта буд. Баъд аз барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар, дар шаҳри Тошканд Сафорати Италия ифтитоҳ ёфт ва соли 1998 Ӯзбекистон намояндагии худро дар шаҳри Рим боз намуд.
Дар шаҳрҳои Флоренсия ва Милан мутаносибан аз солҳои 2021 ва 2023 ниҳодҳои консулгарии фахрии Ӯзбекистон фаъолият мекунанд, ки ба таҳкими дипломатияи мардумӣ ва иқтисодӣ мусоидат менамоянд.
Дар солҳои охир муносибатҳои дуҷониба таҳаввулоти навро касб намуданд. 8-9-уми июни соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Италия рафт. Дар поёни ин сафар Изҳороти муштарак оид ба мустаҳкам намудани муносибатҳои шарикии стратегӣ байни ду кишвар ба имзо расид.
9-11-уми ноябри ҳамон сол Президенти Ҷумҳурии Италия Сержо Маттарелла бо сафари расмӣ ба Ӯзбекистон омад.
Дар ин замина, сафари Сарвазири Италия Ҷорҷа Мелонӣ ба Ӯзбекистон аҳаммияти махсус касб мекунад.