Ovozi.uz

Ҳамкориҳои соҳаи таълим миёни Ӯзбекистон ва Хитой мустаҳкамтар мегардад

Тавре хабар дода будем, дар Самарқанд II «Форуми ҳамкориҳои инноватсионӣ дар соҳаи таълим, илм ва технологияҳо» баргузор гардид.
Вазири таълими олӣ, фан ва инноватсияҳо Қӯнғиротбой Шарипов форумро ифтитоҳ бахшид.
— Солҳои охир мо ислоҳоти васеъмиқёсро ба беҳбуди сифати таълими олӣ, ҳамгироии илму истеҳсолот, рушди ҳаракати академӣ ва ҳамкориҳои байналмиллалӣ равона мекунем, — гуфт вазир Қ.Шарипов. — Анҷумани имрӯза маҳз бо мақсади рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ байни минтақаҳои Ӯзбекистон ва Хитой, ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам ва равишҳои инноватсионӣ дар системаи таълим, додани донишу малакаҳои муосир ба ҷавонон ташкил карда шуд.
Ҷумҳурии Мардумии Хитой дар тӯли 30 сол аст, ки ҳамчун шарики стратегии Ӯзбекистон барномаҳои муштараки назаррасро ҳам дар соҳаи таълим ва ҳам дар соҳаи илм амалӣ менамояд.
Дар назар аст, ки дар форуми имрӯза созишномаҳои ҳамкориҳои васеъмиқёс имзо шаванд.
Сао Ганг, волии музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Хитой зимни суханронӣ дар ин форум изҳор дошт, ки Хитойу Ӯзбекистон аз қадимулайём робитаҳои дӯстона тавассути Роҳи бузурги абрешим барқарор кардаанд ва дар солҳои охир миёни ду кишвар низ дар бахшҳои таълим ва илм қарордодҳои ҳамкорӣ ба роҳ монда шудаанд.
Дар ин форум миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар беш аз даҳ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Масалан, байни Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва Донишгоҳи меъморӣ ва технологияҳои Сиан меморандум ба имзо расид.
Дар форум намояндагони расмии ду кишвар ва ректорони донишгоҳҳои олӣ ширкат доштанд.