Ovozi.uz

Дар шаҳри Самарқанд Форуми хизматҳои давлатии СММ кори худро оғоз кард

Дар форуми мазкур, ки бо ҳамкории Департаменти масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии СММ (UNDESA), Вазорати технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Агентии такмили хизмати давлатии назди Президент ва Агентии ислоҳотҳои стратегӣ ташкил гардидааст, аз давлатҳои Аврупо, Осиё, Америкаи Лотин ва Африқо роҳбарони идораҳои масъул, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, доираҳои илмӣ, ҷамъияти шаҳрвандӣ, сектори хусусӣ иштирок менамоянд.

Анҷуман бо табрики Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба иштирокчиёни форум, ки аз ҷониби ёрдамчии Президент Саида Мирзиёева хонда дода шуд, оғоз гардид.

Инчунин, дар он ёвари Саркотиби Департаменти масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии СММ оид ба рушди иқтисодӣ Навид Ҳаниф, ҷонишини Сарвазири Малайзия Фадиллоҳ Юсуф суханронӣ намуда, ба кори чорабинӣ комёбиҳо таманно карданд.