Ovozi.uz

“Манчестер Сити” аз “Ал-Ҳилол” мағлуб шуд

Дар варзишгоҳи “Кэмпинг Уорлд”-и шаҳри Орландои ИМА бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо-2025 миёни дастаҳои “Манчестер Сити”-и Англия ва “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ баргузор шуд. Ин дидор баъди вақти изофӣ бо пирӯзии дастаи “Ал-Ҳилол” бо ҳисоби 4:3 анҷом ёфт.

Дар вақти асосӣ дастаҳо бо натиҷаи 2:2 бозиро ба поён расониданд. Барои “Манчестер Сити” Бернарду Силва ва Эрлинг Ҳоланд гол заданд ва дар ҳайати “Ал-Ҳилол” бошад, Маркос Леонардо ва Малком ба задани голҳо муваффақ шуданд.

Дар вақти изофӣ Калиду Кулибали ва дубора Маркос Леонардо, ки голи ҳалкунандаро зад, “Ал-Ҳилол”-ро дар ҳисоб пешгом карданд, дар ҳоле ки ягона голи “Манчестер Сити”-ро дар ин фосила Фил Фоден ба самар расонид.

Ин бохти ғайриинтизор барои “Манчестер Сити” буд. Шогирдони Гвардиола 30 зарба, аз ҷумла 14 зарбаи рост ҷониби дарвозаи “Ал-Ҳилол” заданд. Дарвозабони “Ал-Ҳилол” Ёсин Буну қаҳрамонӣ карда, 11 сейв анҷом дод. Шогирдони Симоне Индзаги 17 зарба, аз ҷумла 6 зарбаи рост ҷониби дарвозаи “Манчестер Сити” доштанд.

Бо ин пирӯзӣ “Ал-Ҳилол” ба марҳилаи 1/4 –и ниҳоӣ роҳ ёфт ва дар он ҷо бо дастаи бразилии “Флуминенсе” рақобат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки дар бозӣ муҳофизатгари ӯзбекистонии «Манчестер Сити» — Абдуқодир Ҳусанов дар захира қарор дошт ва ба майдон ворид нашуд.