Ovozi.uz

Оё офтобзанӣ хатарнок аст?..

Дар фасли тобистон ҳамаи мо мехоҳем бештар сайру гашт кунем, аз оббозӣ лаззат барем, дар гӯшаҳои хушҳаво истироҳат кунем. Аз ин ҷост, ки дар тобистон ҳавзҳо ва масканҳои шиноварӣ аз истироҳаткунандагон пур мешаванд.

Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш офтоб нури худро саховатмандона мепошад, ки ин баробари ҳузурбахш будан, паёмадҳои нохуш низ дорад.

Муддати тӯлонӣ дар зери нури офтоб истодан пӯстро сӯзонида, боиси офтобзанӣ мешавад.

Маҳз нурҳои гарми офтоб метавонад барои ҳаёти мо хеле хатарнок бошад.

Барои ҳифзи пӯст аз нурҳои офтоб бояд аз малҳамҳои аз офтоб ҳифзкунанда, ки дорои фактори баланди муҳофизатӣ (SPF > 30) бошад, истифода бурд. Фаромӯш накунед, ки малҳамҳои махсуси ҳифзкунанда танҳо пӯстро аз сӯхтан ҳифз мекунанд, вале аз офтобзанӣ муҳофизат карда наметавонанд.

Офтобзанӣ як ҳолати патологӣ аст, ки бо вайрон шудани фаъолияти мағзи сар дар натиҷаи таъсири офтоб рӯй дода, ин ҳолат аз сабаби миқдори зиёди гармиро идора карда натавонистани организм ва дар сатҳи зарурӣ сард карда натавонистани бадан ба вуҷуд меояд. Дар ин раванд, баробари арақ кардани бадан, гардиши хун низ вайрон мешавад ва рагҳо васеъ мешаванд. Дар натиҷа гардиши хун дар тамоми бадан суст мешавад (суст шудани гардиши хун боиси тағйироти фаъолияти майна мегардад). Ин ҳолат метавонад ба оқибатҳои вазнин, ҳатто вайрон шудани фаъолияти дил сабаб мешавад.

Офтобзанӣ чӣ нишонаҳо дорад?

Нишонаҳои офтобзанӣ инҳоянд: баландшавии таб, зиёдшавии набз, зуд-зуд нафаскашӣ, беқарорӣ ё ҳатто беҳушшавӣ, пӯсти хушку тасфон, арақ накардани кӯдак. Нишонаҳои беморӣ дарҳол аён намегарданд. Аксаран ҳангоми офтобзанӣ гумшавии иштиҳо баъди сайругашти тӯлонӣ дар ҳавои офтобӣ, бемадорӣ, инҷиқӣ, хоболудӣ, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ ба вуҷуд меояд.

Ҳолатҳои сабук, миёна ва вазнини офтобзанӣ мавҷуд аст.

Ҳолати сабуки офтобзанӣ боиси дарди сар, дилбеҳузурӣ, зиёдшавии набзи дил ва нафаскашӣ, васеъшавии гавҳараки чашм мегардад.

Ҳолати миёни офтобзанӣ боиси дарди сар, гоҳ-гоҳ аз ҳуш рафтан, зиёдшавии набзи дил ва кӯтоҳ будани нафас, хунравии бинӣ, ҳарорати бадан, ки бо заъф, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ ҳамроҳӣ мекунанд боиси якбора суст шудани ҳаракат мегардад. Ҳарорати бадан то 39—400 С мебарояд.

Ҳолати вазнини офтобзанӣ аломатҳои ба худ хос дорад. Касеро, ки офтоб задааст, чеҳрааш аввал сурх, баъд кабуд мешавад, мушакҳояшон танг шуда, дар пеши чашмонашон чизҳои гуногун мушоҳида мегардад.

Ҳарорати бадан то 41—420 С баланд мешавад. Дар натиҷа анестезияи шадид инкишоф ёфта, беихтиёр ҷудошавии пешоб ва наҷосат мушоҳида мешавад. Зарбаи шадиди офтоб дар 20-30 дарсади ҳолатҳо ба марг оварда мерасонад.

Ҳангоми офтобзанӣ амал кардан ба тавсияҳои зерин фоидаовар аст:

— одамеро, ки офтоб задааст, бояд ба ҷойи салқин, баҳаво (одам кам бошад) ва нам гузаронед;

— ба таври горизонталӣ хобонда, пойҳояшро каме баланд кунед ва шамол диҳед;

— либосҳоро, махсусан либосҳоеро, ки гардан ва қафаси синаро танг мекунад, кашед;

— рӯяшро бо оби хунук бишӯед;

— ба сандуқи сина латтаи нам гузошта, тамоми баданро бо матои тар печонед ё барои оббозӣ дар оби ҳарораташ 18-200 С шароит фароҳам намоед;

— ба пешонааш компресси хунук (як зарфи оби хунук ё ях) гузоред;

— нӯшидани ҷурғот (қатиқ) (2-3 стакан ҷурғоти беравған) барои офтобзадагон дар давоми якчанд рӯз тавсия карда мешавад. Зеро ҷурғот яке аз беҳтарин воситаҳои барқарорсозӣ ва хунуккунии бадан аст);

— дар вақти дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ роҳҳи нафасро аз қай тоза кунед, спирти новшадилро бӯй кунонед;

— ҳангоми беҳушӣ, нафаскашӣ ва таппиши дилро санҷед. Дар ҳолатҳои норасоии дил нафасгирии сунъӣ ва масҳ (массаж) кардан, фоида дорад.

Шифокорон мегӯянд, шахсоне, ки аз офтобзанӣ ранҷ мебаранд, бояд чанд рӯз дар бемористон бистарӣ шаванд. Зеро барои барқарор кардани системаи асаб, гардиши хун ва як қатор дигар реаксияҳои биохимиявии вайроншудаи организм чанд рӯз лозим аст.