Арзанро 5000 сол пеш аз милод боз кишт мекунанд. Ватани асосии арзан Хитой ва Муғулистон будааст. Он зироати писандидаи қиблаҳои скифу сармат ва суғду бохтариҳо ба ҳисоб мерафтааст.
Арзан худ растании ғалладонагист. Ба зумраи растаниҳои хӯшаиҳо дохил мешавад. Пояаш росту шохрона шуда, қадаш то ба 1 метр мерасад. Баргаш дарози нӯгтези мӯякдор аст. Хӯшагулаш то 20 сантиметр дароз мешавад. Моҳҳои ил-август гул карда, моҳҳои сентябр-октябр мепазад.
Ҳар сол дар миқёси ҷаҳон бештар аз 50 миллион гектар замин арзан парвариш карда мешавад. Он яке аз зироатҳои муҳими ғалладонагии хоҷагии қишлоқ аст. Таркиби сӯки арзан 63 фоиз ангиштоб, 12 фоиз сафеда, 3-4 фоиз равған, бофта, хокистар, моддаҳои минералӣ, витамини В ва ба андозаи зиёд намакҳои калий дорад.
Аз сӯки арзан таомҳои хушлаззат, талқон, нон ва ғайра тайёр мекунанд. Илми тиб шавлаи сӯки арзанро ба сифати таоми парҳезӣ ба беморони дарди дил, қабзияти меъда ва ғайра тавсия менамояд. Похол ва коҳи арзан хӯроки серғизо барои чорво аст.
