Депутати Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҷонишини раиси Кумитаи масъалаҳои маданият Гунай Эфендиева соҳиби медал ва унвони «Ӯзбекистон маданият элчиси» гардид. Мукофоти фахриро ба Гунай Эфендиева Вазири маданияти Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков супорид.
Дар тадбир хизматҳои Гунай Эфендиева дар соҳаи тарғиб намудани таърихи бой ва мероси мадании Ӯзбекистон алоҳида эътироф гардид.
Гунай Эфендиева барои боварӣ ва баҳои баланд изҳори миннатдорӣ намуд ва ҳамеша тайёр будани худро барои интегратсияҳои байни мамлакатҳоямон ва мустаҳкам намудани табодули маданӣ таъкид кард.
