Ин самари хоми ангур, яъне норасидаи сабзи турши он аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани он ҳарорати хун ва сафро (балғам)-ро хомӯш мекунад, шиддати ҷӯшиши сафроро мегардонад, балғами дар меъда пайдошударо пора-пора месозад, дарунро мебандад. Бадан ва ҷигарро қувват медиҳад, ташнагиро мешиканад, сустии аъзоро барҳам медиҳад.
Ғӯраи ангурро хушк карда, кӯфта, гузошта банданд, арақи баданро хушбӯй мегардонад. Шахгӯлии пӯстро ислоҳ мекунад ва намегузорад, ки ҳамон сол арақи нохуш аз бадан берун ояд. Ҷӯшишҳои баданро, ки дар тибби ҳозира аллергия мегӯянд дафъ месозад, барои хориш ва сустии бадан фоида дорад.
Оби ғӯраи ангурро дар офтоб хушк кунанд, онро усораи ғӯра меноманд. Хӯрдани усораи ғӯра шадидтарин дарди гулӯ, варамҳои ҳалқ, ҷӯшиши (пухтани) даҳон, хуни бинӣ ва хуни қай карданро шифо мебахшад. Агар усораи ғӯраро бо оби гандано бихӯранд, донаи бавосир (гемарой)-ро хушк мекунад. Оби ғӯраи ангурро дар гӯш бичаконанд, даруни гӯшро аз чирк ва рим пок мекунад.Бо оби ғӯраи ангур ғарғара кунанд, варами ҳақро шифо мебахшад.
