Ovozi.uz

Компутер бахшида наметавонам…

Дар яке аз маҷлисҳо, ки дар таҳририят ҳар ҳафта гузаронида мешавад, сармуҳаррир Баҳодур Раҳмонов роҷеъ ба хислатҳои неки устод Бахтиёри Ҷумъа ҳарф заданд:

— Аз ҳар як одам бояд хислати некро омӯхт. Масалан, муаллим Бахтиёри Ҷумъа як хислати нек доштанд, ки ҳар навқаламе наздашон биёяд, ба вай як қаламу як дафтар тӯҳфа мекарданд. Муаллим ба воситаи ин роҳи шавқманд ва рағбатнок намудан, чандин нафарро ба эҷод дилгарм кардаанд. Барои ҳамин, то ҳол шогирдони зиёд наздашон барои додани ҳисоботи қалами гирифтаашон меоянд. Як вақтҳо мо низ аз муаллим қалам гирифтаем. Дигарон ҳам бояд аз ин усул истифода баранд.

Муаллим хомӯш нишаста, ба ҳарфҳои сармуҳаррир гӯш меандохтанд. Сармуҳаррир аз Бахтиёри Ҷумъа пурсиданд:

— Ҳозир ҳам ба шогирдон қалам мебахшед?

Муаллим аз ҷояшон баланд шуданду гуфтанд:

— Ҳоло қалам намебахшам. Замона рушд кардааст. Ҳама тавассути компутер менависанд. Дуруст фаҳмед, компутер бахшида наметавонам!

Шаҳзод КЕНҶАЗОДА

©️ Аз китоби ‘»Овози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳо»