Ovozi.uz

Дар Италия масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории клубҳои «Динамо» ва «Милан» баррасӣ гардид

Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев зимни сафараш ба Итолиё аз яке аз маъруфтарин дастаҳои футболи ҷаҳон «Милан» дидан кард.

Президенти Ассотсиатсияи футболи вилояти Самарқанд Адиз Бобоев ба идораи дастаи маъруф ва чемпиони чандинкаратаи Италия ва Аврупо «Милан» рафта, бо роҳбарияти миланиҳо мулоқот намуд. Аз ҷумла, дар вохӯрӣ бо директори молияи клуби «Милан» Стефано Кочирио масъалаи роҳандозӣ намудани ҳамкорӣ байни дастаҳои «Милан» ва ҷамоаи «Динамо»-и Самарқанд аз назар гузаронида шуд. Ҳамчунин, дар доираи барномаи академияи клуби футболи «Милан» омода кардани футболчиёни боистеъдод дар Самарқанд, ташкил намудани «Milan Junior Camp» дар вилоят ва тавассути он эътибори миланиҳоро ба бозигарони маҳаллӣ ҷалб намудан пешниҳод карда шуд.

Дар вохӯрӣ масъалаи ба Милан фиристодани тренерону мутахассисони «Динамо» барои амалиёт ва таҷрибаомӯзӣ низ муҳокима шуд. Дар навбати худ Стефано Кочирио гуфт, ки мураббиёни клуби дорои иҷозатномаи UEFA Pro метавонанд ба Самарқанд рафта, донишу таҷрибаи худро мубодила кунанд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ташкили семинар дар шаҳри Самарқанд барои истеъдодҳои ҷавон ва мутахассисони футбол, инчунин такмили маҳорати онҳо тавассути ҷалби ҷавонони боистеъдод аз Ӯзбекистон ба Академияи футболи Милан баррасӣ шуданд. Дар поёни вохӯрӣ роҳбарияти «Милан» ба Адиз Бобоев либоси рақами 1-уми клубро тақдим кард.