Агар хато накунам, солҳои 2003-2004 дар семинари байналмилалие, ки дар шаҳри Тошканд гбаргузор гардид, бо котиби масъули ҳамонвақтаи рӯзномаи «Овози Самарқанд» — Асадуллоҳ Шукуров ҳамроҳ иштирок кардем.
Барои бори аввал ширкат намуданам дар ин гуна семинарҳо Асадуллоҳ ака дар вақти машғулот ҳам, ҷараёнҳои дигар ҳам ба ман роҳбаладӣ мекарданд. Ҳатто дар мобайни машғулот барои ба кофе-брейк баромадан низ ба «таҷруба»-и Асадуллоҳ ака такя намудаем.
Рӯзи дуюми семинар ҳангоми ба хӯроки пешин баромада (дар ошпазхона ба худ хизматрасонӣ будааст), пас аз таоми аввалинро хӯрда шудан, Асадуллоҳ ака пеш аз ман бархеста, «дуввумаш»-ро оварданд. Вақте ба дасташон ду косаро дидам, бо тааҷҷуб «Хӯроки аввалинро хӯрдем, оё аз он боз овардед?» — гӯён пурсидам. Асадуллоҳ ака бошад, яке аз косаҳоро ба дастам дода, «Ғолибҷон, ин оши палав аст. Дар Тошканд онро ба коса мекашанд» — гуфта буданд.
Ғолиб ҲАСАНОВ
©️ Аз китоби «Овози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳо»
