Моҳи июни соли 2021 бо баҳонаи дамгирӣ хостем дар ягон гӯшаи хушманзари шаҳр истироҳат кунем.
Муҳаррир Баҳодур Раҳмонов гуфтанд, ки ҷойро муайян кардаанд.
— Зоҳир Ҳасанзода ваъда доданд, ки истироҳатро дар боғи он кас яъне, дар деҳаи Оҳалик мегузаронем. Фақат киҳо мераванду киҳо намераванд, ҳаминро муайян карданамон лозим. Шахсоне, ки мерафтагӣ шуданд қарор кардем, ки ҳама дар назди бозори «Селский» ҷамъ мешавем. Рӯзи дигар ҳама ҷамъ омаданд. Раиси маркази миллии тоҷикони вилоят А.Маҳмудов низ ба мо ҳамроҳӣ карданд. Муҳаррир гуфтанд, ки Зоҳир Ҳасанзода ваъда доданд, ки агар шумо ба боғи ман меҳмон шавед, ман барои шумо як буз мекушам. Ҳама ба ин маслиҳат розӣ шуданду ба роҳ баромадем.
Мо раҳораҳ суҳбаткунон механдидем, ки ҳар чӣ қадар дер равем, ҳамон қадар гӯшти буз ба маромаш мепазад.
— Гӯшти бузи дар кӯҳ алафхӯрда бисёр ширин мешавад, — гуфт А.Маҳмудов.
Тошқул Азимзода ва Фозил Шукурзода ба гап ҳамроҳ шуда, «Ҳа, мазаи гӯшти моли дар кӯҳ гаштагӣ дигар хел мешавад, назар ба моли дар хона поидагӣ» — гуфтанду роҳро давом додем. Дигарон тасдиқ мекарданду аз роҳҳои пасту баланди боғ дар хавотир буданд.
Ниҳоят, ба наздики боғ рафта расидем. Дигар роҳи мошингард набуд. Аз мошин фаромада, аз нафаре пурсидем, боғи фалонӣ дар куҷост. «Ҳо-о, дар поён» — гуфта ишора кард. Ба поён фаромада, хушбахтона, Зоҳир Ҳасанзодаро ёфтем. Он кас моро ба рӯи кати аз қамиш сохташуда даъват карданд.
Фаридун Йӯлдошев, ки нисбати мо ҷавонтар аст, аз Ҳасанзода пурсид, «муаллим агар ягон ёрдам даркор бошад, ёрӣ диҳам». Дигарон «гӯшт ҳам пухтагист» мегуфтанду ҷавоби Ҳасанзодаро интизор буданд. Ҳасанзода ки аз даруни боғ баромада буданд, хандида-хандида «рости гап ман шӯхӣ карда будам, фикр намекардам, ки шумо меоед» — ҷавоб гардонданд.
Аз байни мо Азамат Аминов бо овози баланд:
— Хайрият, ки ҳазл карда будед! Дар акси ҳол моро ба ин ҷо овардан ғайриимкон буд, — гуфт.
Мо пай бурдем, ки Ҳасанзода на дегу табақ кардаанду на тараддуд.
Муҳаррир супориш доданд, ки худамон корҳои ташкилиро бинем. Ба зудӣ ҳамроҳи Фаридун аз поён барои нисфирӯзӣ хӯрок овардем.
Ҳаво каме гарм буд, вале истироҳат дар зери дарахтони тут хубу хотирмон гузашт.
Наврӯз БОБОАҲМЕДОВ
©️ Аз китоби «Oвози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳo»
