Ҳафтаи аввали корам дар таҳририят буд. Мақолаеро навишта ба котиби масъули рӯзнома Ҳасан Сулаймонӣ супурдам. Ҳасанака онро ҳамроҳи матолибе, ки дар рӯзнома бояд чоп шавад, назди сармуҳаррир даровардаанд. Пас аз 10–15 дақиқа сармуҳаррир маро ҳам ба утоқи худ ҷеғ зада, ҷумлаҳои аввалини навиштаи маро ба хондан шурӯъ карданд:
— «Ҳар кас ӯҳдадор аст, ки ба пешрафти ҷомеа кӯшиш кунад ва ҳадди ақал худсозӣ намояд. Аммо имрӯзҳо баъзеҳо ғуломи нафси худ гардида…» Оҳ-ҳо ҳамааш суханҳои баландпарвози шоирона-ку… Дар ҳамин ҷо ҳам шоирӣ карданӣ шудӣ-дия?
Устод гӯё маро таъриф мекарда бошанд, зери лаб табассум намудам. Сипас фаҳмидам, ки ин табассумам беҷо будааст.
— Дар рӯзноманигорӣ хаёлҳои шоиронаат ба кор намеравад, бачча. Каме ба зиндагӣ воқеъбинона нигоҳ кун. Сухани рӯзноманигор бояд мӯъҷаз, аммо пурмазмун бошад.
Ман пас аз ҳамон танбеҳҳо доимо кӯшиш мекунам, ки суханро кӯтоҳ ва мӯъҷаз баён кунам. Ин барои ман аввалин дарс оиди рӯзноманигорӣ буд.
Зикруллои ЗУБАЙДУЛЛО
©️ Аз китоби «Овози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳо»
