Ovozi.uz

Мулоқот бо раиси шаҳри Пусан

Адиз Бобоев, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд, ки ҳоло дар Кореяи Ҷанубӣ қарор дорад, бо раиси шаҳри Пусан Пак Хён Чун мулоқот кард.

Дар мулоқот гуфта шуд, ки робитаҳои дӯстонаи ду кишвар торафт мустаҳкам мегарданд. Тавре дар вохӯрӣ қайд гардид, дар тӯли 33 соли муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои мо ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, содироту воридот, сайёҳӣ ва сармоягузорӣ дар асоси тамоюлҳои бовариноки дуҷониба ва дӯстии амиқ пайваста инкишоф меёбад. Муносибатҳои байниминтақавии ду кишвар низ ба як самти муҳими ҳамкорӣ табдил ёфтаанд.

Роҳбари вилоят гуфт, ки вилояти Самарқанд бинобар мавқеъи стратегии худ яке аз марказҳои асосии логистикии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, имкон дорад, ки тавассути хатсайрҳои асосии автомобилӣ ва роҳи оҳан молро зуд ва самаранок интиқол диҳад.

Бо дарназардошти иқтидори истифоданашудаи байни минтақаҳо, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои электроника ва электротехника, рушди минбаъдаи бахши металлургияи Самарқанд, дорусозӣ ва биофармасевтика, таъсиси «Хонаи тиҷоратии Самарқанд» дар шаҳри Пусан, таҳкими системаи муҳоҷират ва идоракунии захираҳои меҳнатӣ байни корхонаҳои саноатӣ ва таъминоти доимии қувваи корӣ дар ду шаҳр пешниҳод карда шуд.

Дар навбати худ раиси Пусан Пак Хён Чун аз беҳбуди минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманди минтақаҳо изҳори хушнудӣ намуда, омодагии худро барои ҳамкориҳои ҳамаҷониба изҳор намуд.