Дар таҳририят баъзан ҳолатҳое мешавад, ки сармуҳаррир саросема ба иштирок дар ягон ҷамъомад ва ё чорабинӣ мераванд. Он рӯз ҳам чунин ҳолат рух дод. Сармуҳаррир Баҳодур Раҳмонов зуд аз утоқашон баромада рафтанд. Ман бо мақсади ба рӯзноманигорон тақсим кардани хату мақолаҳо ба кабинети ҳар яки онҳо даромада, кори худро иҷро мекардам.
Вақти пешин шуд. Бо ҳуруфчин Лола ойтӣ Раҳимова якҷо обед кардему сипас боз ба ҷои кори худ баргаштам. Он гоҳ ба қабулхона Зоҳир Ҳасанзода омада, «Сармуҳаррир ҳамин ҷо ҳастанд? Ба қабулашон дароем мешавад?» гуфтанд.
Ман набудани сармуҳаррирро гуфтам. Ҳасанзода аз портфели худ як даста коғазро бароварда, барои аз рӯйхат гузаронидан ба ман дароз мекарданд, ки сармуҳаррир аз хонаи кориашон баромаданд.
З.Ҳасанзода як ба ман нигоҳ карданду як ба сармуҳаррир ва сипас гуфтанд:
— Барои чӣ дурӯғ гуфтед?
Барои ҳамин ҳам дар байни халқи доноямон нақли «Аввал андеша в‑он гаҳе гуфтор» машҳур аст. Ҳоло барои такрор нашудани ин гуна ҳолатҳо, аввал фикр карда, аз ҳақиқати кор огоҳ шуда, сипас ҳарф мезанам.
Муҳаббат ХУДОЙБЕРДИЕВА
©️ Аз китоби «Oвози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳo»
