Ovozi.uz

Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ

Дирӯз дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки масъулону ходимони Садорати вазъиятҳои фавқулоддаи вилоят анҷумани матбуотӣ баргузор шуд.

— Маълум аст, ки дар рӯзҳои гарм сӯхторҳо бисёртар мушоҳида мешаванд, — гуфт дар оғози анҷуман ҷонишини сарвари садорат Дилмурод Санақулов. — Аз ҳамин сабаб, ходимони мо барои пешгирии ҳолатҳои ногувор якчанд чораҳоро ба сомон расониданд. Аз ҷумла, дар объектҳое, ки одамон дар басти шабона кор мекунанд, 2497 маротиба назорати шабона ва 2791 маротиба назоратҳои зудамали рӯзона гузаронида шуд. Ғайр аз ин, ҳолатҳои зидди сӯхтор аз 771 411-то хонаву ҷойи истиқоматӣ дар 177 085-тояш, ва аз 2485-то бинои бисёрошёна дар 1398-тояш санҷида шуданд. Сарфи назар аз корҳои амалишуда дар давоми 6 моҳи охир миқдори сӯхторҳо дар вилоят 421-торо ташкил дод. Аз он 5-то дар сехҳои истеҳсолӣ, 26-то дар воситаҳои нақлиёт, 4-то дар ҷойҳои ҷамоатии маъмурӣ, 333-то дар хонадонҳои истиқоматии аҳолӣ ва 13-тояш дар дигар объектҳо рӯй доданд.

Сарвари хидмати ахбори Садорати вазъиятҳои фавқулоддаи вилоят Илҳом Боқиев иброз дошт, ки аксарияти шаҳрвандон ҳангоми ба амал омадани сӯхтор ё дигар ҳолатҳои нохуш бо гирифтани сурату наворҳо машғул гардида, ба гурӯҳҳои наҷотдиҳанда ва Садорати вазъиятҳои фавқулодда хабар расониданро фаромӯш мекунанд, ки барои боз ҳам бадтар шудани ҳолати мазкур сабаб мешавад. Дигар ҳолате, ки шаҳрвандон беэътиборӣ мекунанд, ин ба хона роҳ надодани назоратгарони садорат ва таъмир накардани таҷҳизоти носози худ аст, ки дар натиҷа, эҳтимоли сар задани сӯхтор ба вуҷуд меояд.

Дар хотима ходимони масъул ба саволҳои ҳозирин ҷавоб дода, таклифу дархостҳои онҳоро ба инобат гирифтанд.

Ҷовид Саломатуллоев