Дар ноҳияи Булунғур дар асоси шарикии давлатӣ ва хусусӣ хидмати парвариши рӯзона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ба фаъолият оғоз кард.
Муассисаи мазкур, ки аз ҷониби соҳибкор Сарвиноз Баҳодирова дар маҳаллаи Истиқлоли ноҳия таъсис ёфтааст, ба то 7 нафар ниёзманди нигоҳубини дигарон, ки аъзои оилае мебошанд, ки ба Реестри ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ дохил карда шудаанд, хидмат мерасонад.
— Хизмати парвариши рӯзона дар як ҳафта панҷ рӯз, яъне рӯзҳои корӣ фаъолият мекунад, — мегӯяд Сарвиноз Баҳодирова. — Шахсони муҳтоҷи парвариши дигарон ва ногироидошта дар як шабонарӯз то ҳашт соатро дар ин ҷо мегузаронанд. Ходимони мо дар баробари нигоҳубини онҳо ба онҳо мулоқот, худ ба худ хидмат кардан ва машқҳои сабуки варзиширо меомӯзонанд.
Бино ба маълумоти Садорати вилоятии Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, ҳоло дар шаҳр ва 15 ноҳияи вилоят чунин хидматрасониҳои парвариши рӯзона ба роҳ монда шудааст.
Манбаъ: УзА.
