Дар маҳаллаи Чӯпон отаи шаҳри Самарқанд дар асоси шарикии давлатӣ-хусусӣ маросими мутантани ифтитоҳи автовакзали нав баргузор гардид. Дар он иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев, коршиносони соҳа, намояндагони аҳли ҷомеа, равшанфикрон ва кормандони ВАО иштирок намуданд. Меҳмонон бо шароити дар автовокзал барои муҳоҷирон фароҳам овардашуда шинос шуданд.
Барои татбиқи ин тарҳ 12 миллион доллари амрикоӣ ҷудо шудааст. Автовокзали нав дар асоси меъмории замонавӣ, қувваи барқи каммасраф ва стандартҳои бехатарӣ сохта шудааст. Дар ин ҷо барои муҳоҷирон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, толори барҳаво ва равшани интизорӣ, утоқи модару кӯдак, майдончаи варзишӣ, утоқи тиббӣ, намоиши электронии ҷадвали автобусҳо, пандусҳо ва роҳравҳои махсус барои шаҳрвандони маъюб, майдончаҳои интизории ҷудогона барои автобусҳо, микроавтобусҳо ва таксиҳои бидуни хатсайр, хонаи истироҳатии ронандагон, хадамоти муоинаи нақлиёт, системаи назорати видеоии шабонарӯзӣ.
Автовокзал на танҳо ҳамчун маркази нақлиёт, балки ҳамчун минтақаи калони хизматрасонӣ ва савдо низ амал мекунад. 120 мағоза, 3 ошхонаи замонавӣ, 14 нуқтаи хизматрасонии техникӣ, 1 автосалон, 2 меҳмонхона мавҷуд аст. Дар натиҷаи ба истифода додани автовокзал барои 300 нафар сокинон ҷои кори доимӣ фароҳам оварда шуд.
Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи автовокзал иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев қайд кард, ки татбиқи лоиҳа сифати хизматрасонии нақлиётиро дар вилоят ба сатҳи нав бароварда, самаранокии сафарҳои байнишаҳӣ, байниминтақавӣ ва байналмилалӣ баланд мегардад ва вақту маблағҳои аҳолӣ сарфа мегардад.
Баъди маросими ифтитоҳи автовокзал барномаи фарҳангӣ гузаронида шуд. Санъаткорони вилоят ва пойтахти ҷумҳурӣ бо суруду таронаҳои худ иштироккунандагони чорабиниро шод гардонданд.
