Дар Самарқанд семинари амалӣ оид ба такмили сохтори ҳамкории аъзоёни «ҳафтгонаи маҳалла» бо муассисаҳои таълимӣ доир ба пешгирии ҷинояткории ҷавонон ва барҳам додани бешуғлӣ ба кори худ шурӯъ кард.
Дар ифтитоҳи семинари ҷумҳуриявӣ директори Агентии кор бо ҷавонон Алишер Саъдуллоев, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии кор бо ҷавонон дар маҳаллаҳо Қаҳрамон Қуронбоев, координатори доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Маҳл Сабине, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
— Бесабаб нест, ки Сарвари давлат равиши нави кор бо ҷавонон барои роҳбарону масъулони сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва маҳаллавӣ муқаррар кардааст ва онҳо шахсан аз вазъи корҳое, ки дар ин самт анҷом дода мешаванд, назорат ва пурсон карда мешаванд, — иброз дошт ҳокими вилоят Адиз Бобоев. — Соли равон ду маротиба бо ҷавонон мулоқот карда, пешнидоду ташаббусҳои онҳоро дастгирӣ намуда, ба муаммоҳояшон гӯш дода, сохтори нави ҳалли ин масъалаҳо ба вуҷуд оварда шуд, ки аҳамияти калони ин семинарро ифода мекунад.
Дар семинари серӯза нақши “Ҳафт маҳалла” дар таъмини шуғли ҷавонон, кор бо ҷавонон дар муассисаҳои таълими олӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонони хатмкарда, низоми ҳамкории роҳбарони ҷавонон бо муассисаҳои таълимӣ ва дастгирии фаъолияти ташкилотҳои бачагона, ҳамкории нозирони профилактикӣ ва пешсафони ҷавонон дар пешгирии ҷиноятҳои ҷавонон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, рушди варзиш байни ҷавонон баррасӣ мешаванд.
