Ovozi.uz

Дар Самарқанд триатлончиёни ҳарбии пешсафи ҷаҳон ҷамъ омаданд

Аз 18-ум то 21-уми август дар Маркази байналмилалии сайёҳии “Роҳи абрешим”-и шаҳри Самарқанд 25-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба триатлон миёни ҳарбиён (25th CISM World Military Triathlon Championship) баргузор мешавад.

Пеш аз баргузории мусобиқа бо иштироки созмондиҳандагон ва варзишгарон барои намояндагони ВАО ва аҳли ҷомеа нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ҷонишини Вазири мудофиа, полковник Алишер Норбоев, сардабири Шӯрои байналмилалии варзиши ҳарбӣ (CISM) Роберто Реччиа ва доварони мусобиқа иштирок намуда, дар бораи аҳамияти мусобиқа, ҷараёни омодагии варзишгарон ва барномаи чемпионат маълумоти муфассал доданд.

Дар мусобиқа беш аз 100 варзишгар аз 13 кишвари ҷаҳон — Ӯзбекистон, Белгия, Канада, Испания, Франсия, Германия, Словения, Швейтсария, Қатар, Россия, Эрон, Португалия ва Қазоқистон ширкат меварзанд. Мусобиқаҳо дар ду бахш – якка ва ҷамоавӣ баргузор мешаванд. Варзишгарон дар шиноварӣ ба масофаи 750 метр дар оби кушод, велосипедронӣ ба масофаи 19 километр ва давидан ба масофаи 5 километр қувва меозмоянд.