Ovozi.uz

Вазири корҳои хориҷии Ҷопон ба Самарқанд омад

Ҳайати вакилон бо сарварии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Такеши Ивая, ки бо сафари расмӣ дар мамлакати мо мебошад, имрӯз ба Самарқанд омад.

Меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд ҷонишини вазири корҳои хориҷӣ Б.Усмонов, ҷонишини ҳокими вилоят Р.Қобилов ва шахсони расмии дигар пешвоз гирифтанд.

Аввал меҳмонон ба заводи «SamAvto» рафтанд. Онҳо дар ин ҷо бо ҷараёни истеҳсолии автобусҳо шинос шуданд. Ин корхона аз соли 2007 дар ҳамкорӣ бо ISUZU Motors Ltd ва Корпоратсияи Itochu дар асоси шассии «ISUZU» автобусу мошинҳои боркаш истеҳсол мекунад.

Баъд аз он меҳмонон аз хоҷагии фермерии «Бобур агро инновация»-и ноҳияи Самарқанд дидан карданд. Дар ин ҷо навъҳои себи аз ин кишвар воридшуда бо кумаки Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) парвариш карда мешаванд. Ба меҳмонон дар бораи себ, ки бо технологияи муосир нигоҳубин карда мешаванд, равандҳои парвариши онҳо, усулҳои инноватсионии истифодашуда ва иқтидори содиротии он маълумот дода шуд.