Ovozi.uz

Истиқлолият — меваи фидокорӣ

Истиқлол қисмат не, интихоб аст. Озодӣ дода намешавад, ба даст оварда мешавад. Истиқлоли ҳақиқӣ на танҳо парчам, он иродаи қисмати худро муайян намудани халқ мебошад. Сатрҳои мазкурро имрӯз дар арафаи иди бошарафи 34‑солагии истиқлолияти давлатамон қалбан ҳис намуда мехонем. Чунки Истиқлолияти Ӯзбекистон неъмати акнун ба даст омада нест, балки ба қадрияти бузурге табдил ёфтааст, ки дар ҳаёти ҳар як ҳамдиёри мо, қалб, орзу ва мақсад, меҳнат ва садоқати ӯ зиндагӣ мекунад.

Истиқлолият сафари таърихие аст, ки бо ҷасорати як авлод оғоз шуда, бо фидоигии авлодҳои оянда давом меёбад.

Аз ҳама беш ҳашт соли охир бо нафаси нав, рӯҳи нав ва самти нави Ӯзбекистони Нав дар ёд монд. Ислоҳоте, ки бо роҳбарии Президентамон оғоз гардид, аввало барои ба халқ хизмат намудан, ба сифати арзишҳои олӣ дидани манфиатҳои инсон нигаронда шуд. Ғояи «Барои қадри инсон» дар амал ба маркази сиёсати халқона табдил ёфт. Ин як шиори оддӣ нест, он фалсафа, ҷаҳонбинии нави идораи давлат аст, ки ба воситаи ислоҳоти амалишуда исботи худро меёбад.

Ӯзбекистон имрӯз ба давлате табдил ёфт, ки на танҳо дар рушди дохилӣ, балки дар ҳамкории минтақавӣ ва ҳамҷиҳатии байналмилалӣ низ нақши фаъол дорад. Агар Ӯзбекистон аз ин даҳ сол пеш дар сиёсати беруна эҳтиёткорона ва дар доираи танг ҳаракат карда бошад, имрӯз он ба давлате табдил ёфт, ки дар маркази ҷараёнҳои минтақа меистад, ташаббус нишон медиҳад, муҳокимаҳоро оғоз ва ҳалли муаммоҳои глобалиро пешниҳод мекунад.

Осиёи Марказӣ минтақаи халқҳое аст, ки таърихи мураккаб, макони стратегӣ, табиати бой ва вобастагии қавӣ доранд. Солҳои охир дар ин ҳудуд таъмини осоиштагӣ ва барқарорӣ, фароҳам овардани муҳити хуби ҳамсоягӣ ва ҳамкории боваринок самти аз ҳама муҳим ва устувори сиёсати берунаи Ӯзбекистон мебошад. Ташаббуси аввалини роҳбарияти сиёсӣ бо сарварии Президентамон гузоштани қадамҳои аввал барои бартараф кардани кашмакашҳои байни ҳам ва ҳалли масъалаҳои сарҳад, беҳдошти робитаҳои савдо, масъалаҳои об, энергетика ва нақлиёт дар минтақа имрӯзҳо самараи худро медиҳанд.

Ҳамсояҳое, ки як вақтҳо аз сабаби набудани боварӣ сӯҳбат карда наметавонистанд, акнун дар атрофи як миз нишаста, ояндаи умумиро баррасӣ мекунанд. Дар солҳои гузашта вохӯриҳои мунтазами роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба анъана табдил ёфт, саммитҳои дараҷаи баланд, ки дар доираи ин формат то ҳол баргузор гардидаанд, нишон доданд, ки интегратсияи минтақавӣ ба зинаи нав баромадааст. Лоиҳаҳои муштарак дар инфрасохторҳои газ, қувваи барқ, роҳи оҳан ва роҳҳои нақлиёти автомобилӣ, марказҳои логистикӣ ва ғайра ҳамҷиҳатии ҳақиқии иқтисодӣ ва сиёсиро бунёд мекунанд.

Мисол, ҳаҷми содироту воридот дар соли 2023 дар байни Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ба воситаи самти нақлиёти транскаспий 30 дарсад афзуд. Ин на танҳо фоидаи иқтисодӣ, балки меваи боварии байниҳамдигар ва барқарории сиёсӣ аст.

Самти дуюми муҳим — мавқеи мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ. Имрӯз Ӯзбекистон ба давлате табдил ёфт, ки на танҳо дар минтақа, балки дар миқёси глобалӣ низ эътироф карда мешавад. Стратегияи «Ӯзбекистон‑2030» Сарқонуни навшуда ва қонунҳое, ки дар идораи давлат роҷеъ ба таъмини ҳуқуқҳои инсон, шаффофӣ ва озодӣ қабул карда шудаанд, дар майдони байналмилалӣ таъсири калони мусбӣ нишон медиҳад.

Дар солҳои гузаштаи наздик Ӯзбекистон бо ташкилотҳои байналмилалии СММ, ТБТЕ, Ташкилоти ҳамкории ислом, СҲШ ва ғайра ҳамкории самаранокро роҳандозӣ кард.

Дар ҳамкорӣ бо онҳо дар доираи лоиҳаҳои байналмилалӣ чун ҳифзи объектҳои мероси таърихӣ, муаммоҳои экологӣ, аз ҳама беш аз рӯи фоҷиаи Арал тавонист эътибори дунёро ба онҳо нигаронад.

Соли 2024 маҳсулоти умумии дохилии Ӯзбекистон бори аввал дар таърих ба 115 миллиард доллари ИМА расид. Ин танҳо рақам нест. Ин натиҷаи меҳнати халқ ва ҷамъияте, ки ба соҳибкор имконият додааст, мамлакатест, ки муҳити сармоягузориро беҳтар кардааст.

Асъори миллиамон — сӯм барқарор мешавад. Дараҷаи инфлятсия ба назорат гирифта шуд. Пардохти ягонаи андоз, имтиёзҳои андоз барои шаҳрвандон, инфрасохтори замонавӣ, ки барои рушди соҳибкорӣ бунёд карда мешавад, гузаштан аз рӯйхати электронӣ ва содда кардани ҷараёни гирифтани литсензия — ҳамаи инҳо на танҳо иқтисодиёт, халқи моро сӯи ҳаёти озод ва фаровон мебарад.

Мухтасар гӯем, имрӯз Ӯзбекистон ба тамоми дунё «Ман ҳастам!» мегӯяд. Ин даъво не, натиҷа аст. Ин мақсад не, роҳи пешгирифта мебошад. Аз ҳама муҳимаш — ин шуури баланди ҷомеаест, ки ба ояндаи Ӯзбекистони Нав бо боварӣ нигоҳ мекунад ва тайёр аст, соҳиби қисмати худ бошад.

Бинобар ин, ба иди сиючорсолагии истиқлолияти Ӯзбекистон бо рӯҳи алоҳида, мазмун ва масъулият нигоҳ мекунем. Ба тарзи ҳамоҳанг ба ин мувофиқи қарори Президенти Ӯзбекистон «Дар бораи омодагӣ ва гузарондани Иди сиючорсолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» иди мазкур дар атрофи ғояи «Барои Ватан, барои миллат, барои халқ!» баргузор мешавад. Ин суханҳо тасодуфӣ нестанд. Онҳо ифодае мебошанд, ки таърихи миллат, орзуву умедҳои халқ ва садоқати онро ба Ватан дарбар мегиранд.

Тантанаи истиқлол, ки ҳар сол гузаронда мешавад, танҳо барои назар андохтан ба таърих не, балки барои бо оянда рӯбарӯ шудан низ имконият медиҳад. Имрӯз Ӯзбекистон ба давлате табдил меёбад, ки роҳи худро интихоб намудааст, ба халқи худ такя мекунад ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷои муносиби худро соҳиб мешавад. Дар ин роҳ ҳиссаи ҳар як шаҳрванд ҳаст. Меҳнати ҳар як устод, фермер, шифокор, муҳандис, нависанда, аскар, донишомӯз ва санъаткор сарф шудааст.

Бинобар ин, истиқлолият танҳо рамзҳои давлатӣ, чорабиниҳои идона ва санаи таърихӣ нест, он ғояи зиндаест, ки дар ҳаёти ҳаррӯза, меҳнат, орзу ва масъулияти ҳар як инсон ифодаи худро меёбад. Истиқлол масъулият барои Ватан, садоқат барои миллат, фидокорӣ барои халқ мебошад. Дар замири ислоҳот, ҳар як фармон ва қароре, ки дар Ӯзбекистон қабул карда мешавад, айнан ҳамин ғоя муҷассам аст. Қарор дар бораи гузарондани сиючорсолагии иди Истиқлоламон низ айнан дар чунин мазмун ва рӯҳ қабул гардидааст.

Истиқлол иди ҳамту одӣ не, ин имкони васеъ намоён намудани худшиносии миллӣ, орзуҳои нек ва майли мо сӯи оянда аст. Чунки Ӯзбекистони Нави имрӯза, аввало такягоҳи худро дар халқ, қувваашро дар муттаҳидӣ, ҷавонони рӯяшон пурнур, арзишҳои оилавӣ, фидокории шаҳрвандони меҳнаткашаш мебинад.

Имрӯзҳо дар ҳар як гӯшаи мамлакатамон — хоҳ шаҳр, хоҳ деҳа тағйирот, навгонӣ, ҷараёнҳои бунёдкорӣ рӯй медиҳанд. Чуноне ки дар Сарқонуни Навамон муайян шудааст, Ӯзбекистон — давлати иҷтимоӣ. Ин чунин маъно дорад, ки давлат аз одам не, одам аз давлат умед карда, ҳисси гирифтани ёрӣ, дастгириро эҳсос мекунад.

Инро дар мисолҳои ҳаётӣ низ мебинем. Тӯлӣ солҳои гузаштаи наздик дар диёрамон беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шуд. Ба туфайли барномаҳои ихтисори камбизоатӣ дар ҳаёти миллионҳо оилаҳо тағйиротҳои мусбӣ рӯй доданд.

Аз ҳама муҳим, дар инсонҳо боварӣ, ҳисси ҷавобгарӣ барои ҳаёти худ аз нав бедор мешавад. Дар чунин даври фараҳбахш ва пур аз имкониятҳои бузург зиндагӣ мекунем. Асоси муваффақиятҳои имрӯза осоиштагии диёрамон, дӯстии байни миллатҳо ва муҳити фарохдилӣ мебошад. Мамлакате, ки гузаштаи худро қадр намуда, ояндаро пешбинӣ ва бо дунё баробар мулоқот мекунад, роҳи худро интихоб кардааст ва аз он барнамегардад, албатта Ӯзбекистони Нав аст.

Зиёда аз ин, дар дунёи имрӯзаи замонавӣ обрӯву эътибор чизе нест, ки ҳамту муваффақ шуд. Онро ба воситаи боварӣ ва натиҷаи корҳои амалӣ метавон ба даст овард. Ба чунин давлати боваринок, кушода ва дунявӣ табдил ёфтан ба туфайли маданияти сиёсие, ки ба мулоқот бо халқ асос ёфтааст, аз ҳама муҳимаш, ба туфайли боварии халқ рӯёб шуд.

Мақоми баланди мо дар сиёсати беруна, пешсафии минтақавӣ, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ — ҳамаи инҳо муваффақияти дипломатии оддӣ нестанд, балки далолати дар саҳнаи калон соҳиби ҷои муносиб шудани давлатамон мебошад.

Иди истиқлолияти имсола тантанаи чунин тағйиротҳо, фидокориҳо ва мақсадҳои бузург мешавад. Иди мазкур нишонаи на танҳо тантанаи рамзӣ, балки эҳёи иҷтимоӣ ва маънавӣ, садоқати халқ ба Ватан ва боварӣ ба оянда аст.

Собир ТУРСУНОВ,

доктори фанҳо педагогӣ, профессор(Аз рӯзномаи «Янги Ӯзбекистон», (19.08.25, № 168)

тарҷимаи Тошқул АЗИМОВ)