Ovozi.uz

Суғуртаи тиббӣ: хидмати босифат ва бепул

Дар шуъбаи диагноситикаи маслиҳатии шифохонаи марказии шаҳри Самарқанд роҷеъ ба роҳандозии суғуртаи давлатии тиббӣ семинар ташкил гардид. Дар он кормандони соҳаи тиб, ходимони поликилиникаҳои оилавию пунктҳои тиббӣ иштирок карданд.

Дар чорабинӣ ҷонишини мудири шуъбаи методологияи Хазинаи суғуртаи давлатии тиббии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Моҳира Эргашева дар бораи барномаи давлатии суғуртаи тиббӣ маълумот дод. Ӯ қайд кард, ки мақсади асосии суғуртаи давлатӣ ба таъмини аҳолӣ бо хизматрасониҳои тиббии ройгони кафолатнок нигаронида шудааст.

Яке аз ҳуқуқҳои асосии шаҳрвандони мамлакати мо дастрасӣ ба табобати тиббӣ мебошад. Бо мақсади таъмини хизмати босифат ва бепул ба буҷети хонавода вазнинӣ накарда, суғуртаи давлатии тиббӣ ба амал оварда мешавад.

Аз соли 2021 ба таври таҷриба суғуртаи тиббии давлатӣ дар вилояти Сирдарё ҷорӣ карда шуд. Баъд онро аз соли 2024 дар асоси озмоиш ва таҳлилҳои хулосавӣ дар шаҳри Тошканд ва дигар вилоятҳо тадриҷан ба амал бароварданд.

Суғуртаи тиббии давлатӣ барномаи давлатиест, ки ба таъмини аҳолӣ бо хизматрасониҳои тиббии ройгони кафолатнок нигаронида шудааст. Бар асоси «Пакети кафолатнок» ба шаҳрвандон истифодаи ёрии таъҷилӣ, муроҷиат ба терапевт ва дигар мутахассисон, муоина, амалиётҳои ҷарроҳӣ, таъмини доруворӣ ва реабилитатсия имконият фароҳам оварда мешавад.

Барои истифода аз чунин хизматрасониҳо шаҳрванд ба воситаи духтури оилавӣ (нуқтаи тиббӣ, шифохонаю поликлиникаи оилавии манзили зист) ба хизмати тиббӣ ба таври доимӣ муроҷиат мекунад. Аз ҳама асосиаш суғуртаро ба таври автоматӣ роҳандозӣ мекунанд ва аз шаҳрвандон ҳеҷ гуна ҳаққи узвият ва дигар хел пардохтҳо талаб карда намешавад. Фақат шаҳрвандон алоқаро бо духтури оилавӣ нигоҳ доранд. Дар ҳолатҳои мураккаб ба мутахассисони дигар ба таври электронӣ роҳхат мегиранд. Яъне, суғуртаи тиббии давлатӣ системаи ҳифзи саломатии шаҳрвандонро аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ амалӣ мегардонад.

Ҳоло дар соҳаи тиббиёти мамлакат сохтори ягонаи иттиллотӣ ташкил карда мешавад. Аз ин сохтор оиди ҳар як бемор маълумотҳои тиббии заруриро ёфтан мумкин аст.

Сармутахассиси шуъбаи реимбурсатсия (пӯшонидани хароҷот)-и Хазинаи суғуртаи давлатии тиббии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷалилбек Асиров ҳангоми сӯҳбат изҳор кард, ки бар зидди бемориҳои музмин доруҳои зарурӣ бо ретсепт — дорухатҳои электоронӣ бепул таъмин карда мешаванд.

— Моҳҳои гузаштаи соли 2025 дар ҳудудҳо ба 244 муассисаи табобатӣ 342 дорухона вобаста карда шуд, — гуфт Ҷалилбек Асиров. — Ба 7 намуди беморӣ 28 хел доруворӣ бо дорухати электронӣ бепул тақдим мегардад. Дар давраи гузаштаи соли равон ба бештар аз 19 ҳазор нафар беморон қариб 28 ҳазор дорухат навишта дода шуд. Маблағи падохти онҳо зиёда аз 871 миллион сӯмро ташкил кард.

М.ҶУМЪАЗОДА